«ҚАНД ҶӮӢ, ПАНД ҶӮӢ, ЭЙ ҶАНОБ…». Агар дар замони Рӯдакӣ 64%-и калимаҳои забон тоҷикӣ буданд, имрӯз, баръакс, 64%-и онро калимаҳои иқтибосӣ ташкил медиҳанд

Октябрь 20, 2017 13:35

ДУШАНБЕ, 20.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Забони точикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои 7-8 сар шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург, амсоли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ,  Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно Румии Балхӣ, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Лоиқ ва дигарон асарҳо эҷод кардаанд. Забони тоҷикӣ ба хонаводаи забонҳои ҳинду-аврупоӣ дохил мешавад. Ба ин  забон 44 миллион нафар аҳолии дунё гап мезанад.

    Забони точикӣ кайҳо боз таваҷҷуҳи адибону   донишмандони оламро ба худ ҷалб кардааст. Ба омӯзиши забони  точикии форсӣдар вақташ  яке аз асосгузорони коммунизми илмӣ Фридрих Энгелс мароқ зоҳир карда буд. Забони тоҷикӣ рӯз то рӯз рушд мекунад ва   вожаҳои нав ба таркиби луғавии  он ворид мешаванд…

    Дар ин бора – мулоҳизаҳои муовини Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Матробиёнро пешниҳод менамоем.

Таъсири забонҳои ғайр ба забони тоҷикӣ дар масири таърих

 Дарвоқеъ олами андешаи мардум   дар забони онҳо инъикос меёбад. Инсон сухан мегӯяд ҳамон тавре, ки фикр мекунад ва фикри ӯ таҳти таъсири ҷаҳонбинии миллати ӯ қарор дорад. Агар вориди ҷаҳони андешаи ниёгонамон гардем, дар он ганҷҳое  нуҳуфтаанд, ки маъниҳои бикри онҳо мисли шаддаву марворидҳои суфтаеанд, ки дар қаъри баҳри тафаккури миллатамон пинҳонанд. Вале аз он ифтихормандем, ки он дурри маонӣ дар риштаи  тоҷикӣ чида шудаанд. Назаре афканем ба ашъори дилписанди маликушшуаро Абӯабдуло Рӯдакӣ, ки дар ҳамон даврони пуртазод, дар ҳамон замоне, ки забони арабӣ аллакай беш аз 200 сол шуда буд, ки дар ҳудуди Осиёи Марказӣ ҳукмронӣ мекард, тавонистааст  бо  забони ноби модариаш шеър гӯяд. Ва ё ҳувияти миллии Фирдавсӣ ончунон боло рафта буд, ки «Аҷамро зинда кард бад-он порсӣ», ё Носири Хусрав, ки дар замони зиндагии ӯ забони қабилаҳои туркӣ низ дар баробари забони арабӣ ба забони тоҷикӣ таъсири худро мерасониданд ва ӯ таъкид намуда буд, ки:

Ман онам, ки дар пои хукон нарезам

Мар ин қимати дурри лафзи  дариро.

Аммо забони арабӣ дар қораи форсизабонон дар замоне паҳн ва мустаҳкам гардид, ки забонҳои мардуми бумӣ дар марҳилаи охирини гузариш аз забонҳои эронии давраи миёна ба нав  ва умуман тағйироти табиӣ қарор доштанд.

Тибқи маълумоти таърихӣ, дар замони Наср ибни Сайёр забони арабӣ ҳамчун забони расмии хаттӣ дар Хуросон таъйин шуда буд ва баъдтар он дар тамоми хилофат густариш меёбад. Бинобар ин аз асри IX оғоз гардида,  асарҳои зиёди илмӣ бо ин забон  эҷод ва дар соҳаҳои гуногуни илмӣ истилоҳоти зиёди арабӣ ба кор даромаданд. Минбаъд забонамонро сели вожаҳо ва истилоҳоти арабӣ пахш намуданд. Ба расмият даромадани забони арабӣ дар Осиёи Марказӣ ҳам ба ҳайси забони дин ва ҳам забони илм  боиси дигар шудани таркиби луғавӣ ва ҳатто низоми фонетикии (вобаста ба дигаргун шудани низоми хат ва ворид гардидани овозҳои ғайр) забонҳои бумӣ, аз ҷумла тоҷикӣ гардид.  Ҳатто номҳои ҷуғрофӣ – топонимӣ дигар шуданд. Масалан, Бохтарро Тахористон, дарёи Омуро Ҷайҳун, Варорудро Мовароуннаҳр меномиданд. Дар баробари он номҳои одамон низ  арабӣ шуданд.

Ричард Фрай дар асараш менависад, ки вақте ғайриарабҳо исломро қабул мекарданд, ба онҳо номи арабӣ дода мешуд. Тозапазируфтагони дини ислом мутаассибтар аз арабҳо мешуданд. Хулоса, ба гуфти Ал-Берунӣ Қутайба фарҳанги бостонии ин кишварро  бо қатл кардани ҳамаи одамони босавод ва нобуд сохтани осори онҳо хароб намуд. Таассуфовар он аст, ки  бозсозии суннатҳо ва фарҳангҳои қадимӣ бисёр душвор гардид. Вале ин ҳувияти мардумро шикаста натавонист. Мардуми соҳибтамаддуни тоҷик тавонист, ки дар қабои арабӣ забони худро то замони Сомониён  ҳифз намояд. Низомулмулк дар «Сиёсатнома»-аш овардааст: «Амир Абдулло бинни Тоҳир, ки ба рӯзгори хилофати Аббосӣ амири Хуросон буд, … ҳукм кард, ки дар қаламрави ман ҳар ҷо ки аз тасонифу мақоли Аҷам ва муғон китобе бошад, ҷумларо нест кунед. Аз ин ҷиҳат то рӯзи Оли Сомон ашъори Аҷамро надидаанд. Агар аҳёнан низ шеъре гуфта бошанд, мудавван накардаанд».

Минбаъд, дар ашъори шоирон калимаҳои душворфаҳми арабӣ ҷиҳати  пуробуранг ва ё баробарвазну ҳамқофия намудан истифода мешуданд. Аммо ин боиси аз истифода баромадани калимаҳои худӣ гардида,  ҷойи онҳоро калимаҳои арабӣ ишғол намуданд. Бар замми он ки забони арабӣ бар ҳайси забони дин амал мекард ва мақоми он мустаҳкамтар мегардид, забони туркӣ низ ҳамчун забони шоҳони он замон марзи забони мардумони таҳҷоиро  убур намуда, ба «сарзамини» вожагони забони мардумони бумӣ ворид гардид.  Кор то дараҷае расид, ки дар  назм вожаҳои арабӣ ва туркӣ бо тоҷикӣ махлут шуданд.

Хушбахтона, ҳувияти миллии донишмандон, олимон ва адибон мустаҳкам буд, диди онҳо ва ҷаҳони андешаи онҳо ва умуман назари забонии  мардум ба ҷаҳони атроф   ҳамоно тоҷикӣ боқӣ монд. Хусусан,  таркибҳою   ибораҳои рехта, ки андешаи тоҷикона ва вожаҳои тоҷикӣ дар онҳо боқӣ мондаанд, дар ашъори шоирон хеле зиёд корбурд шудаанд.

Мӯъмин Қаноат дар шеъри машҳурни худ «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ» овардааст:

Қанд ҷӯӣ, панд ҷӯӣ, эй ҷаноб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,

Ҳар чӣ меҷӯӣ, биҷӯ.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст,

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест нест,

Чунки меҳри модар аст.

З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам,

Дӯст медорам варо,

Чун навозишҳои гарми модарам,

Дӯст медорам варо.

Пеш аз ислом низ ниёгонамон мероси маънавии гаронбаҳо доштанд

 Давраи нави забонамон аз замоне оғоз гардид, ки аллакай забони арабӣ таъсири худро ба он расонида буд. Бинобар ин, мо имрӯз бештар он меросеро мутолиа мекунем, ки ба давраи нави забонамон тааллуқ дошта, инъикоскунандаи тафаккуру андешаи мусулмонии мост. Вале аз он набояд инкор шавем, ки пеш аз ислом низ ниёгонамон мероси маънавии гаронбаҳое доштанд. Ҳарчанд дар замони хилофати Аббосиён қисми зиёди онҳо нобуд гардида, мутолиаи китобҳои динӣ ва дунявии пеш аз ислом таълифгардидаро рад  намуда буданд, аммо афкори миллиро тағйир додан мушкил аст. Дар ашъори шоирони замони гузашта ва муосир дар баробари корбурди  истилоҳоти динӣ ва  талмеҳот, аз қиссаву ривоятҳои пешин (оини зардуштӣ ва ҳатто меҳрпарастӣ), аз зикри номи ашхоси таърихӣ ва асотирӣ (Ҷамшед, Каюмарс, Кова, Рустам, Суҳроб, Баҳром, Хусрав, Фарҳод), аз Занду Позанд, аз Оташкадаҳои бузург (Оташбарзин, Навбаҳор) низ васеъ истифода бурдаанд. Тавассути осори дилписандашон забонро зинда нигоҳ доштанд, ҳарчанд аз забони арабӣ иқтибосоти зиёдеро истифода намуданд.

Идома ёфтани анъанаи фарҳангнигорӣ дар давраи нави таърихи  забонамон муждаи эҳё ва нигоҳдошти вожаҳои камёфту нодири забонамон гардид. Луғатҳо ва фарҳангҳо, ки ба ҳайси шаҳодатномаи забон падид омаданд, хусусияти миллӣ касб карда, шарҳу эзоҳ ва тафсири калимаҳои нодирро дар бар мегирифтанд. Имрӯз, агар ин луғатҳо ҳамчун василаи асосии сохтани истилоҳоти нав ва барқарорсозии вожаҳои аслии тоҷикӣ корбаст шаванд, гумон мекунем, ки аз фоида холӣ нахоҳад буд.

 Таъсири манфии замони муосир ба забони давлатӣ

 Гузаштагонамон фарзандони замони худ буданд, ҳамду сипос бод онҳоро, ки тавонистанд то ба мо забонро ба мерос монанд. Аммо замоне, ки мо умр ба сар мебарем, аз даврони пешин аз замин то осмон тафовут дорад. Тамоми самтҳои фаъолияти ҳаётӣ бо суръати кайҳонӣ дар ҳолати тағйир ва дигаргуншавӣ қарор гирифтааст, ки аз он забон низ истисно нест. Барои мисол, мо тағйир ёфтани ҷанбаи луғавии забони тоҷикиро аз замони Рӯдакӣ то Айнӣ ва аз Айнӣ то имрӯз ба таври муқоиса аз назар мегузаронем. Барои ин маводи луғавии ҳарфи А-и чаҳор фарҳанг – «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ», «Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ», «Луғатномаи осори С.Айнӣ» ва «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ»-ро муқоиса намудем:

 

Маводи луғавии

ҳарфи А

 

(умумӣ)=100%

 

тоҷикӣ

 

Иқтибосӣ

 

арабӣ

аврупоӣ (юнонӣ, лотинӣ, русӣ ва ғ)  

туркӣ

 

сохташуда

 

умумӣ

Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ  

145

 

90=64%

 

54=35%

 

1=0,001%

 

 

7=1%  (аз арабӣ)

 

 

62=36%

 

 

умумӣ= 55=35%

Фарҳанги ашъори  Камоли Хуҷандӣ  

292

 

73=25%

183 = 62,3%  

37=12,6%

 

99=74,6%

Луғатномаи осори С.Айнӣ 1067  

 

377=35,5%

377=35% 53=5% 6=0,5%  251=23,5% аз арабӣ

22=2% аз аврупоӣ)

 

273=25,6%

 

 

 

 

705=66%

 

умумӣ= 432= 40,5%

Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ 2409  

 

 

865=36%

605=25% 157=6,7% 23=0,95% 695=28,8% (аз арабӣ)

56=2,3% (аз авруп.)

9=0,37% аз туркӣ

 

760=31,5%

 

 

 

1544=64%

 

 

умумӣ= 784=32,5%

Дар асоси натиҷаи ҷадвали боло хулоса кардан мумкин аст, ки  агар  дар замони  Рӯдакӣ 64%-и калимоти забони тоҷикиро калимаҳои худӣ ташкил медоданд, имрӯз баръакс 64%-и вожаҳои забонамонро калимаҳои иқтибосӣ ташкил медиҳанд. Агар инро мо бо забони сомонаҳои иҷтимоӣ, ки бо забони тоҷикӣ менависанд, муқоиса намоем,  миқдори он зиёдтар ҳоҳад шуд. Ин ҳолат, албатта, нигаронкунанда аст.

Тоза намудани забон аз вожаҳои бегона як амри воқеист, ки ин падида дар бисёр забонҳои  дунё рух додааст. Он, пеш аз ҳама,  бо калимаҳои иқтибосӣ алоқаманд аст. Масалан, бо оғози ҷанги Америка ва Япония соли 1941 дар Япония ташкилоте  созмон дода мешавад, ки  вазифаи он тоза намудани забони японӣ аз калимаҳои англисӣ ва ба ҷойи онҳо истифода намудани наввожаҳои японӣ буд. Чунин комиссияҳо дар Корея дар солҳои 60-уми асри гузашта, дар Франсия (қонуни Тубон, 1994) ташкил шуда буданд. Дар Туркия соли 1932 «Ҷамъияти лингвистии Туркия» ташкил мегардад, ки мақсади он тоза намудани забон аз тамоми вожаҳои бегона, бахусус аз вожаҳои арабию форсӣ буд.

Айнан дар забони тоҷикӣ низ ҳамин амр мавриди корбурд қарор гирифтааст. Вале, мутаассифона, форсгароёну арабгароёни мо ин вазъиятро истифода бурда, вожаҳои аз забонҳои аврупоӣ (албатта, тавассути забони русӣ) воридгардидаро ҳамчун вожаи бегона ҳисоб карда, онро ба ягон калимаи мушкилфаҳми арабӣ, ки маънои он калимаро ҳатто аҳли илм низ ба зудӣ дарк карда наметавонанд,  иваз намуда, даъво мекунанд, ки чунин вожа дар забони кунунии форсӣ мавриди истифода қарор дорад ё дар забони осори классикони мо мавҷуд аст.

Забоншинос Фердинанд де Соссюр одилона зикр намудааст, ки барои гӯяндагони забон танҳо як пешомад мавҷуд аст – ин истифодаи имрӯзаи забон, онҳо аз таърихи он чизе намедонанд ва дар бораи ояндаи он чизе фикр намекунанд.

Дар Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст

 Воқеан ҳам имрӯз танҳо  давлат бо аҳли зиё пуштибони забонанд ва боиси хушбахтист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дурусту оқилонаи забонӣ ба роҳ монда шудааст. Ин  ҳар як шахси бедордилро вазифадор мекунад, ки пайи тозагии забон камари ҳиммат бандад. Албатта, роҳнамо ва пешоҳанги ҳама гуна кори хайру наҷиб дар робита бо забони давлатӣ ва забони миллии кишвар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар ин роҳи басо душвор дар даврони Истиқлолият хидмату талошҳои бузурге  баҳри ҳифзи забони давлатӣ ба харҷ додаанд. Сарвари давлат имрӯз низ барои амалӣ намудани ҳадафҳои наҷиб дар роҳи нигаҳдошт ва рушду такомули забони миллӣ пайваста талош меварзанд.

Хусусан, аз пешомади таъсирҳои манфии замони муосир ба забони давлатӣ Пешвои муаззами миллат ҳамеша мо, соҳибзабононро огоҳ намуда, моро дар пайи тоза ҳарф задан, покиза  истифода бурдан ва билохира покиза намудани забон аз вожаҳои бегона талқин мекунанд. Ҳанӯз соли 2010 Президенти кишвар дар суханрониашон бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ таъкид намуда буданд: «Яке аз мушкилот имрӯз масъалаи мушаххас намудани меъёрҳои адабии забон мебошад. Чунончи, аз падидаҳои бисёр манфӣ таъсири унсурҳои бегона ба забони меъёр аст. Яке аз чунин манъбаҳои нуфузи бегона дар забони мо тарҷумаи номақбули  осори сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, илмию техникӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ маҳсуб меёбад. Чунин омилҳо забонро аз асли худ дур сохта, ба воситаи онҳо қолабҳои бегонаи фаровоне ба забон ворид гардидаанд. Акнун вақти он расидааст, ки камбудиҳо дар сохтор ва таркиби луғавии забон бартараф  карда шаванд».

Вазъи амалкарди забони давлатиро ба назар гирифта, дар баробари мавҷудияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи забони давлатӣ аз таъсири манфии замони муосир банди алоҳида ҷудо гардидааст, ки он шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои ҳифзи забони давлатӣ ва либосҳои миллӣ уҳдадор месозад.

Дар даврони имрӯз бори гарони забонро истилоҳ бар дӯш дорад

 Дар баробари пешрафти иқтисодёт ва технологияи навин қариб ҳар  замон истилоҳоти зиёде рӯйи кор омада истодаанд, ки айнан ворид шудани онҳо ба забон таъсири манфии аввалиндараҷаи худро хоҳад расонд. Бинобар ин танҳо аз роҳи истилоҳсозии дуруст мо метавонем забонро аз онҳо ҳифз намоем, ба шарте ки дар истилоҳсозӣ қудрати забони тоҷикиро нодида нагирем. Зимни ҳамин мулоҳиза бамаврид аст, ки аз суханронии Пешвои миллат бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар соли 2012 ёдовар шавем: «Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо тавоноии забони илмро, чунонки аз аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархӯрдор мебошад».

Таъсирҳои манфие, ки имрӯз ба забонамон расида истодаанд, ин, пеш аз ҳама, бе тарҷума ворид гардидани ному дастурамали аксарияти  молу маҳсулот  аз кишварҳои хориҷӣ, таҳтуллафз тарҷума гардидани иқтибосот, ба таври техникӣ тарҷума шудани матни бархе аз дастурамалҳои молу маҳсулот ва мавҷуд набудани барномаи худтафтиши имлои забони тоҷикӣ  мебошанд.

Имрӯз, ки соҳибони забони нобу ширадори Рӯдакиву Фирдавсӣ моем, моро зарур аст, ки дар ин раванди ҷаҳонишавӣ забонро аз вартаи нобудӣ ҳифз намоем, аз бархӯрди фарҳангҳо эмин нигоҳ дорем ва  аз коми забонҳои абарқудрат раҳоӣ бахшида, онро  барои ояндагон тозаю беолоиш ба мерос монем.

Саодатшо МАТРОБИЁН,

муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Октябрь 20, 2017 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

МУАЛЛИМИ МАН
«МАЙДОНИ ИСТИҚЛОЛ». Ин иншооти муҳташам ва сайёҳии шаҳри Душанбе аст, ки дили сокинону меҳмонони пойтахтро тасхир кардааст
7 МАЙ — РӮЗИ РАДИО ВА КОРМАНДОНИ ТАМОМИ СОҲАҲОИ АЛОҚА. Ислоҳот дар соҳаи алоқа бо маром идома дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ омили мустаҳкамии оилаҳо дар Тоҷикистон аст
АРЗҲОИ ДӮСТӢ. Узбекистон шарики стратегӣ ва ҳампаймони боэътимоди Тоҷикистон мебошад
«Барномаи биллингӣ» шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро дар муассисаҳои таҳсилӣ таъмин менамояд
МАВҚЕЪГИРИИ СИЁСӢ ВА АРЗЁБИИ МУШКИЛОТИ ИМРӮЗ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Тоҷикистон дар мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
МАСИРИ МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ. Андешаҳои Абдураҳим Шоҳиён дар робита ба ин мавзуъ
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ. Рақамикунонии соҳаи андоз роҳи таъмини барзиёди қисми даромади буҷети давлатиро васеъ намуд
ТАВСИФИ ГИЁҲШИНОСИИ БАРГИ ЗУФ. Он хусусияти зиддиилтиҳобӣ ва таскинбахшӣ дорад
ИФРОТГАРОӢ-РОҲ БА СӮИ НОУМЕДӢ. Насли ҷавони тоҷик бояд тамоми кӯшишу ғайраташро ба донишомӯзию ободкорӣ равона намояд
САБАБИ ГАРАВИДАНИ ҶАВОНОН БА ГУРӮҲҲОИ ТЕРРОРИСТИВУ ЭКСТРЕМИСТӢ ДАР ЧИСТ? Андешаҳо доир ба роҳҳои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб