Армуғонҳои «Рухом» овозаи Тоҷикистонро ба ҷаҳон мебаранд

Октябрь 13, 2017 17:25

ДУШАНБЕ, 13.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола  дар ҷумҳурӣ 14 октябр Рӯзи соҳибкорон таҷлил мегардад. Дар робита ба ин ҷашн хабарнигори АМИТ «Ховар» бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом», ки дар Тоҷикистон ва  берун аз он муваффақиятҳои зиёдро  ноил гардидааст,   аз наздик шинос шуда,   бо ҷонишини директори генералии корхонаи мазкур Шаша Қуқанов ҳамсуҳбат гардид. Номбурда оид ба фаъолияти корхона   чунин изҳори назар кард:

20171013_100059_001-Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди  «Рухом»    соли 1994   таъсис ёфта,  ба  омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои рангаю ороишӣ ва маснуоти ҳунарҳои халқӣ  машғул  мебошад.   Самти дигари  фаъолияти корхона- ин   бурдани корҳои илмӣ-оммавӣ  оид ба омӯзиши фанҳои табиии заминшиносӣ, сохтани коллексияҳои бойигариҳои табиии Тоҷикистон, сарҷамъ намудани минералҳо, коллексияҳои палеонтологӣ  дар ҳамкорӣ бо «Саргеологияи Тоҷик» ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маҳсулоти асосие, ки корхона онро истеҳсол мекунад, ин мӯҳра, тасбеҳ, гарданбанди ҳархела, дастпона, гӯшвор, овезаҳо барои калидҳо, шамъдонҳо, гулдонҳо, ҷиҳозҳои рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ мебошанд.

Лозим ба ёдоварист, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхонаи мо сол то сол зиёд мегардад. Алҳол харидорони маҳсулоти корхона дар бозори дохилии кишваранд.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Рухом» мақсад дорад, ки дар оянда  мавқеашро дар  бозори ҷаҳонӣ  мустаҳкам намояд.

Бо ин мақсад  корхона ҳамкории  судмандро  бо соҳаҳои марбутаи давлатҳои Чину Эрон, Покистону Афғонистон ва Германия  ба роҳ мондааст.

Роҳбарияти корхона талош дорад, ки  ҳамкориро бо дигар корхонаҳои коркарди санг дар кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монад, то аз таҷрибаи  пешрафтаи онҳо дар ин соҳа  баҳравар гардад.

Ташкили намоишгоҳи  фурӯши маҳсулот дар ин кишварҳо ба фаъолияти самараноки мо дар ин самт  ибтидо гузошт.

Захираи ашёи хоми корхона то солҳои наздик Корхонаи воҳиди давлатии «Ҷамаст» буд. Инчунин сангҳои табиӣ ва сунъӣ, ки аз шахсони юридикӣ гирифта мешаванд, истифода  мегарданд.

Солҳои охир ашёи хом аз давлатҳои ҳамсоя-Эрон, Афғонистон ва Покистон дасрас мешаванд.

Дар баробари мавҷудияти самтҳои истеҳсолот, истеҳсоли маҳсулоти суфташуда ҷои намоёнро ишғол менамояд. Дар корхона усулҳои махсуси  технологияи коркарди сангҳо ба роҳ монда шудаанд ва дар ин  соҳа аз таҷҳизоти гуногун истифода бурда мешавад.

Дар коркарди ашёи сангҳои ранга корхона муносибати махсусро дар истифодаи комплексии онҳо ба кор мебарад.

Тайёр кардани маҳсулот аз ашёи аввала ба таври аз андозаи калон ба андозаи хурдтарин ба роҳ монда шуда, ашёи истифодашаванда сад фоиз коркард карда мешавад. Резасангҳои хурдтарин дар дастгоҳи махсус кулула гардида, ранг карда шуда, ба навъҳо ва шаклҳо тақсим мешаванд.

Хурдтарин хокаҳои санг барои тайёр  намудани мусаввараҳо истифода бурда мешаванд. Сифати пасттарини хокаҳо барои пур кардани аквариумҳо ва гулҳои декоративӣ истифода бурда мешавад.

Ҳоло дар  ҶДММ «Рухом»  зиёда аз  84 нафар коргарон фаъолият доранд. Ба ғайр аз маъмурияти корхона дигар коргарон устоҳои истеҳсолкунанда мебошанд. Аксари онҳо дорои маълумоти олӣ буда, қисме аз онҳо ихтисосманди соҳаи геология ва маъдан мебошанд.

Бо назардошти шароити мусоид, базаи ашёи хом, қувваи корӣ, ташкили дурусти кори истеҳсолот корхона  чандин маротиба дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардидааст.

Корхона дар самти дастгирии рушди ҳунарҳои дастӣ дар Тоҷикистон корҳои зиёде мебарад. Бо устоҳои  самтҳои гуногун ҳамкорӣ намуда, маҳсулоти онҳоро ба талаботи замона мувофиқ сохта, пешкаши харидорон мегардонад.

Барои мутаммарказ гардонидани ин, дар заминаи корхона соли 2005 толори «Роҳи Абрешим» кушода шуд, ки дар он маҳсулоти дастии ҳунарҳои мардумии беҳтарин устоҳо, зардӯзон ва косибон ҷамъоварӣ шудаанд.

Соли 2006 корхонаи мо аъзои Ассотсиатсияи осиёимиёнагӣ оид ба дастгирии ҳунарҳои мардумӣ  гардид. Бо ташаббуси Ассотсиатсияи мазкур соли 2008  устои харрот Намоз Назаршоев  бо маҳсулоти тайёркардааш ғолиби озмун гашта, соҳиби нишони сифати Юнеско ба маҳсулоти худ гардид. Ғайр аз ин,  ин ғолибият таваҷҷуҳи  хориҷиёнро  нисбат ба маҳсулоти корхонаи мо  зиёд  намуд.

ҶДММ «Рухом» дар бисёр намоишгоҳҳои сатҳи олии ҷаҳонӣ  Тоҷикистонро сарбаландона муаррифӣ намудааст. Аз ҷумла, дар Намоишгоҳи байналмилалии сатҳи олии «Экспо-2005» дар Япония, «Экспо-2010» дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, намоишгоҳи 20-солагии ИДМ дар  соли 2011 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия, «Экспо-Ёхсу- 2012» дар Кореяи Ҷанубӣ, «Экспо Авроосиё-2012» дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва ғайраҳо   маҳсулоти корхонаи мо аз ҷониби иштирокдорони ин маъракаҳо баҳои баланд гирифтааст.

ҶДММ «Рухом»   муддати ҳафт соли охир  пайи ҳам дар номгӯи «Маснуоти ҳунарҳои мардумӣ» «Соҳибкори беҳтарин дар  шаҳри Душанбе» дониста шудааст.

Бештари маҳсулоти корхонаи мо тариқи фармоиш ва дар асоси шартнома  чун армуғон ба хориҷи кишвар равон мегарданд.

Аз ин рӯ, коргарони корхонаи мо кӯшиш мекунанд, ки  маҳсулоти истеҳсолкардаи  онҳо ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ бошад. Онҳо хуб медонанд, ки  маҳсули эҷодашон  бояд тамоми зебоиву боигариҳои Тоҷикистони азизро инъикос карда тавонад. Зеро ҳар армуғонеро,   ки ба хориҷи кишвар мебаранд,  сарзамини биҳиштосои  тоҷиконро  то ҷое муаррифӣ менамояд.

Ифтихор дорем, ки ҳар армуғони истеҳсолкардаи корхонаи  мо, ки   дар онҳо нишонае аз таърих, фарҳанг, расму оин  ва маданияти миллати  мо тасвир ёфтааст, хонаву маконеро дар ҳар гӯшаи дунё зебу нур мебахшад.

 

                                                                                                    Рухсораи НУР

Октябрь 13, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Изҳороти Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
11 май Анҷумани ғайринавбатии Ҳизби демократии Тоҷикистон баргузор мегардад
Кормандони Саридораи ҳифзи сирри давлатӣ бо медалҳои ҷашнӣ сарфароз шуданд
НОМ ДАР ХАРИТА. Чӣ тавр дар Тоҷикистон «устодони алоқа»-ро қадрдонӣ менамоянд