Дар Хатлон 68 %-и ҳосили пахта ҷамъоварӣ гардидааст
ҚӮРҒОНТЕППА, 03.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи шанбеи гузашта сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барои чиндани пахта ба заминҳои кишти пахтаи ноҳияи Бохтар ба ҳашари дастаҷамъона баромаданд.
Тавре ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, мақсад аз ҳашари пахтачинии сокинону кормандони ташкилоту муассисаҳо он буд, ки имсол дар саҳроҳо ҳосили фаровони пахта мавҷуд мебошад. Ҳашарчиён хостанд, ки барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани “тиллои сафед” ва зери барфу борон намондани он ба пахтакорон кумак намоянд.
Бояд гуфт, ки маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Хатлон бо маром идома дошта, то имрӯз 171 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ гардидааст, ки 68%-и нақшаро ташкил дода, нисбат ба соли гузашта 68 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Имсол дар Хатлон дар майдони қариб 120 ҳазор гектар чигит кишт карда шудааст. Тибқи нақша бояд дар вилоят 250 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ карда шавад.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






