Дар Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони баландихтисос лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ» амалӣ карда мешавад
ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ маросими муаррифии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар маросими муаррифии лоиҳа иштирок дошт, иттилоъ медиҳад, ки маблағи умумии лоиҳа 34 миллион доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 15 миллион доллари ИМА – қарзи бебозгашти Бонки Осиёии Рушд, 15 миллион доллари ИМА – қарзи имтиёзноки Бонки Осиёии Рушд, 2 миллион доллари ИМА қарзи бебозгашти Хазинаи энергияи тоза ва 2 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мавриди зикр аст, ки қаблан мутахассисони сатҳи миёнаи техникӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ омода карда мешуданд, вале бо мурури замон заминаҳои моддии омӯзишгоҳҳои мазкур корношоям ва имкониятҳои техники онҳо ба талаботи бозори меҳнат номувофиқ шуданд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дастгирӣ ёфт.
Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки лоиҳаи мазкур «барои азнавсозии методологияи таълим, барқароргардонии заминаҳои моддӣ, фароҳам овардани имконияти васеъ барои дастрасӣ ба омӯзиши босифат, идоракунии самараноки низоми таълими соҳавӣ ва сохторӣ» равона гардида, муҳлати амалисозии лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.
Дар доираи амалишавии лоиҳа заминаҳои моддӣ-техникии 21 литсейҳои касбӣ, 7 маркази таълими калонсолон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон пурра барқарор шуда, барои омода намудани мутахассисон аз рӯи 17 касби ҷавобгӯ ба стандартҳои аврупоӣ нақша ва маводҳои таълимӣ пешкаш карда мешаванд.
Ҳафтаи гузашта марҳалаи нахустини амалишавии лоиҳаи мазкур дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба охир расид. Дар се бинои таълимии муассисаи мазкур корҳои барқароркунӣ бо истифода аз захираҳои «энергияи сабз» анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар биноҳои таълимӣ фаршҳои гарм ба воситаи оби гарм насб шуда, таъминоти об, гармӣ ва нерӯи барқ ба воситаи нурҳои офтоб анҷом дода мешаванд. Худи донишҷӯён тарзи ба даст овардани нерӯи офтобӣ, истифодаи босамар ва назорати доимии ҷараёни таъминотро идора мекунанд, ки бешак ба зиёд шудани таҷрибаи амалии онҳо мусоидат менамояд. Устодони Донишкадаи энергетикӣ дар доираи лоиҳа дар кишварҳои Чин, Туркия, Федератсияи Россия курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд.
Хотиррасон бояд шуд, ки Созишномаи грантӣ ва қарзӣ оид ба маблағгузории лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» байни Ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии Рушд моҳи ноябри соли 2015 ба имзо расида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ моҳи марти соли 2016 онро ба тасвиб расондааст.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад






