Дар Тоҷикистон барои омода намудани мутахассисони баландихтисос лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ» амалӣ карда мешавад

Октябрь 7, 2017 11:49

ДУШАНБЕ, 07.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе бо иштироки намояндагони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти намояндагии Бонки Осиёии Рушд дар Тоҷикистон ва рӯзноманигорони ватаниву хориҷӣ маросими муаррифии лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» баргузор гардид. Хабарнигори АМИТ «Ховар», ки дар маросими муаррифии лоиҳа иштирок дошт, иттилоъ медиҳад, ки маблағи умумии лоиҳа 34 миллион доллари ИМА буда, аз ин ҳисоб 15 миллион доллари ИМА – қарзи бебозгашти Бонки Осиёии Рушд, 15 миллион доллари ИМА – қарзи имтиёзноки Бонки Осиёии Рушд, 2 миллион доллари ИМА қарзи бебозгашти Хазинаи энергияи тоза  ва 2 миллион доллари ИМА ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Мавриди зикр аст, ки қаблан мутахассисони сатҳи миёнаи техникӣ дар заминаи омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ омода карда мешуданд, вале бо мурури замон заминаҳои моддии омӯзишгоҳҳои мазкур корношоям ва имкониятҳои техники онҳо ба талаботи бозори меҳнат номувофиқ шуданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва мутобиқ ба талаботи бозори ҷаҳонӣ омода намудани мутахассисони баландихтисос лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш»-ро таҳия намуд, ки аз ҷониби Бонки Осиёии Рушд дастгирӣ ёфт.

Эмин Сангинзода, муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, ки лоиҳаи мазкур «барои азнавсозии методологияи таълим, барқароргардонии заминаҳои моддӣ, фароҳам овардани имконияти васеъ барои дастрасӣ ба омӯзиши босифат, идоракунии самараноки низоми таълими соҳавӣ ва сохторӣ» равона гардида, муҳлати амалисозии лоиҳа 5 солро дар бар мегирад.

Дар доираи амалишавии лоиҳа заминаҳои моддӣ-техникии 21 литсейҳои касбӣ, 7 маркази таълими калонсолон ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон пурра барқарор шуда, барои омода намудани мутахассисон аз рӯи 17 касби ҷавобгӯ ба стандартҳои аврупоӣ нақша ва маводҳои таълимӣ пешкаш карда мешаванд.

Ҳафтаи гузашта марҳалаи нахустини амалишавии лоиҳаи мазкур дар Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба охир расид. Дар се бинои таълимии муассисаи мазкур корҳои барқароркунӣ бо истифода аз захираҳои «энергияи сабз» анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, дар биноҳои таълимӣ фаршҳои гарм ба воситаи оби гарм насб шуда, таъминоти об, гармӣ ва нерӯи барқ ба воситаи нурҳои офтоб анҷом дода мешаванд.  Худи донишҷӯён тарзи ба даст овардани нерӯи офтобӣ, истифодаи босамар ва назорати доимии ҷараёни таъминотро идора мекунанд, ки бешак ба зиёд шудани таҷрибаи амалии онҳо мусоидат менамояд. Устодони Донишкадаи энергетикӣ дар доираи лоиҳа дар кишварҳои Чин, Туркия, Федератсияи Россия курсҳои такмили ихтисосро гузаштанд.

Хотиррасон бояд шуд, ки Созишномаи грантӣ ва қарзӣ оид ба маблағгузории лоиҳаи «Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш» байни Ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии Рушд моҳи ноябри соли 2015 ба имзо расида, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ  моҳи марти соли 2016 онро ба тасвиб расондааст.

Октябрь 7, 2017 11:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ 873 миллион сомониро ташкил дод
Кишоварзони Кӯлоб аввалин маротиба зери плёнка чигит кишт намуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор боқӣ мемонад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд