ДАСТАИ ДӮСТДОШТАИ ХУДРО ҲАВОДОРӢ МЕКУНЕМ! КФ «Истиқлол» барои мухлисонаш ҷиҳати рафтан ба тамошои бозии футбол автобусҳои ройгон фароҳам меорад
ДУШАНБЕ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарияти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе қарор кард, ки ба хидмати мухлисони худ автобусҳои мусофиркашонии ройгонро фароҳам оварад, то бидуни мушкилӣ ба шаҳри Ҳисор рафта, аз тамошои бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2017 бархӯрдор шаванд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, аз мухлисони футболи тоҷик хоҳиш карда мешавад, ки бо истифода аз ин нақлиёти ройгон баҳри дастгирии дастаи дӯстдоштаи худ ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор ҳозир шаванд ва дар ин вохӯрӣ футболбозони тоҷикро ҳаводорӣ намоянд.
Мухлисон аз се нуқтаи пойтахт бо шумули Маркази савдои «Садбарг», «Қасри теннис» ва бозори «Саховат» соати 14:30 метавонанд ба автобусҳои ройгон савор шуда, ба самти шаҳри Ҳисор сафар намоянд. Бозии ниҳоӣ барои дарёфти Ҷоми КФО-2017 миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Эйр Форс»-и Ироқ 4 -уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор сурат мегирад. Оғози бозӣ – соати 18.00.
Хотиррасон менамоем, ки доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми КФО-2017, ки дар он дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рақобат мекунанд, муайян шуданд. Сардовари ин бозӣ рефери 39-солаи ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Аморати Муттаҳидаи Араб таъйин гардидааст. Дар канораҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадӣ ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрӣ кумак хоҳанд кард.








Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад






