ДИҚҚАТ, ТАҶРИБА! Дар ноҳияи Рӯдакӣ дар як майдон пахтаро бо лӯбиё ва лаблабуи сурх якҷоя кишт намудаанд

Октябрь 26, 2017 10:55

РӮДАКӢ, 26.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Турсун  Улҷабоеви ноҳияи Рӯдакӣ соли равон барои самаранок истифода бурдани заминҳои корами обӣ  ва дар як маврид ба даст овардани ду ҳосил барои таҷриба  дар ду гектар замин пахтаро бо лӯбиё  ва лаблабуи сурх якҷоя кишт намуданд. Дар натиҷаи нарм кардану ғизонок намудани пахта  лӯбиё ва лаблабу баҳра гирифта, дар давоми 40 рӯз лӯбиё ҳосили фаровон додааст.  Муовини ҶСК ба номи Т. Улҷабоев  Уғулой Бутаева зикр намуд, ки дар ин кор ҳарчанд меҳнати зиёд сарф мешавад, вале фоидаи дилхоҳ низ ба даст овардан мумкин аст.  Аз ин рӯ хоҷагӣ дар оянда майдони кишти ду растаниро дар як вақт зиёд менамояд.

Тибқи иттилои деҳқонони хоҷагӣ, картошкаро бо лӯбиё ва сирпиёзро бо шибиту бодиринг кишт намудан мумкин аст, вале он меҳнати дастии зиёд талаб менамояд. Бештари деҳқонони ҷамоати деҳоти  «Зайнабобод»-и и ноҳияи Рӯдакӣ ин механизми киштро истифода намуда, ҳосили баланд ба даст меоранд.

Кишоварзони ҶСК ба номи Улҷабоев имсол аз майдони 50 гектар  пахтаи навъи «Дӯстӣ»  137 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намуданд, ки 136 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Кишоварзони хоҷагӣ гуфтанд, ки имсол дар як гектар кишти пахта то ҷамъоварияш 5640 сомонӣ хароҷот  шудааст. Аз сабаби каме баланд гардидани нархи пахтаи маҳиннах дар бозори ҷаҳонӣ, хоҷагидорон имсол фоидаи хуби нақдӣ ба даст оварданд.

Ба гуфтаи кишоварзони хоҷагӣ,  мушкилоти асосӣ барои кишти пахта  ва дигар намуди сабзавот-ин рӯз то рӯз баланд гардидани нархи маводи сӯзишворӣ, нуриҳои менералӣ ва қисмҳои эҳтиётии техникаҳо мебошад.

 

Октябрь 26, 2017 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»