Кормандони шуъбачаи минтақавии деҳаи Аличури ноҳияи Мурғоб соҳиби бинои дуошёна гардиданд
ХОРУҒ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи дурдасти Аличури ноҳияи Мурғоб шуъбачаи милитсияи деҳот таъсис ва барои кормандони он бинои дуошёна ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи муосир бунёд шуда, тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо таҷҳизоти муосири коммуникатсионӣ ва бухориҳои гармидиҳӣ таъмин мебошанд.
Азбаски сардии ҳаво дар фасли сармо дар ин минтақа баъзан ба 40 дараҷа мерасад, аз ин рӯ дар паҳлуи бинои асосӣ анборхона бунёд карда, дар он ҷо маводи сӯзишворӣ, аз қабили ҳезуму ангиштсанг низ захира намудаанд. Дар сурати қатъ шудани неруи барқ кормандон метавонанд бо истифода аз ҳезуму ангиштсанг ҳуҷраҳои кориро гарм кунанд.
Дар ифтитоҳи бино муовини аввали Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Аламшозода, муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Тоҷиддин Назаршоев, раиси ноҳияи Мурғоб Мурзобой Ҷоошбоев, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии вилоят Абдулваҳоб Искандарзода ширкат доштанд. Муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ зимни табрики ҳайати шахсии шуъбача ва сокинон изҳор дошт, ки ин ҳама созандагию ободонӣ танҳо ба хотири таҳкими волоияти қонун, оромию осудагии сокинони кишвар роҳандозӣ мегардад. Мавсуф аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ даъват кард, ки бо сокинони маҳаллӣ робитаи қавӣ дошта бошанд, зеро бидуни ҳамкорӣ бо мардум ҷорӣ намудани тартиботи намунавии ҷамъиятӣ ғайриимкон мебошад.
Абдураҳмон Аламшозода бори дигар сокинон ва ҳайати шахсии милитсияи деҳотро бо мафҳуму моҳияти тағйиру иловаҳои ба Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» воридгардида шинос намуда, сокинони ноҳияро даъват намуд, ки дар роҳи татбиқи бандҳои ин қонун бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






