Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён

Октябрь 9, 2017 17:14

ДУШАНБЕ, 09.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.Медали тиллои Комроншоҳи Устопириён дар Мусобиқаи байналмилалии Гран-прии Тошканд оид ба дзюдо, ки дирӯз дар пойтахти Ӯзбекистон ба поён расид, обрӯю нуфузи мамлакатро дар миёни кишварҳои ширкаткунанда боз ҳам боло бурд. Комроншоҳ дар вазни то  90 кило, ки дар он 12 паҳлавони номдор  аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ширкат доштанд, ҳамаро мағлуб сохт.

Паҳлавони тоҷик силсилаи мусобиқотро аз даври дуюм шурӯъ карда, Достон Мелиеви ӯзбекистониро дар аввалин қувваозмоӣ ба шикаст рӯ ба рӯ кард ва бо паҳлавони дигари мизбон- Яҳё Имомов рӯи майдон омад. Ба дастгирии мухлисони сершумор нигоҳ накарда,  Яҳё Имомов низ ба зӯри бозуи паҳлавони мо тоб наёвард ва таслим шуд.  Дар мусобиқаи финалӣ Комроншоҳи Устопириён бо паҳлавони тавонои ӯзбек   Дилшод Чориев барои унвони чемпионӣ ва медали тилло беш аз 10 дақиқа зӯр озмуд ва бо як усули зебо тавонист пирӯзии мутлақро дар ин вазн ба номи худ ихтисос диҳад. Бо медали тилло ба Комроншоҳ ҳамчунин ҷоизаи молӣ- 3 000 доллари амрикоӣ тақдим гардид.

Дар мусобиқаи Гран- прии шаҳри Тошканд ба ғайр аз Комроншоҳи Устопириён паҳлавонони дигари тоҷик, аз қабили Саидҷалол Саидов (то 100 кг), Сӯҳроб Боқиев (то 60), Муҳаммадкарим Сарахонов (то 66), Беҳрӯзи Хоҷазода (то 73), Кароматулло Ҳакимов ва Акмал Муродов (то 81) ва Эмомҷон Камолов (то 90) иштирок карданд. Ба Саидҷалол Саидов, ғолиби Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соли 2017 муяссар шуд, ки то вохӯрии нимфиналӣ роҳхат гирад.

  Маълумотномаи АМИТ «Ховар»:

Комроншоҳи Устопириён 7 январи соли 1993   таваллуд шудааст. Соли 2015 факултаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Ӯ аз сулолаи паҳлавонон Устопировҳо мебошад. Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Аввалин мураббиаш падараш Усто Устопиров мебошад.

Комроншоҳи Устопириён солҳои 2016 ва 2017 дар вазни то 90 кило дар шаҳри Тошканд унвони чемпиони Осиёро ба даст овардааст.

 

 

 

Октябрь 9, 2017 17:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд