Муаррифии имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ дар Тоҷикистон

Октябрь 11, 2017 12:24

ДУШАНБЕ, 11.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба таҷлили сеюмин солгарди «Рӯзи соҳибкорон» имрӯз дар  шаҳри Душанбе ҳамоиш дар мавзӯи «Имкониятҳои сармоягузории Фонди сабзи иқлимӣ: тавсеаи имкониятҳои иқтисодии бахши хуссусӣ» баргузор гардид.

Ҳамоиши мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   дар ҳамкорӣ бо  Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Агентии Германия оид ба корҳои байналмилалӣ ва Фонди сабзи иқлимӣ баргузор гардид.

Дар ҷамъомад намояндагони бахши давлатӣ, шарикони рушд ва бахши хусусии ватанӣ иштирок намуданд.

Дар ҳамоиш и. в. роҳбари Котиботи  Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Манучеҳра Мадҷонова мақсади баргузор намудани ин  ҳамоишро муарифии Фонди сабзи иқлимӣ   дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  арзёбӣ намуд.   Фонди мазкур  ташкилоти молиявии СММ мебошад, ки соли 2010 таъсис ёфтааст.

Зикр шуд, ки дар баробари фаъолияти начандон зиёд Фонди   сабзи иқлимӣ дар кишварҳои ҷаҳон собит намудааст,  ки фаъолияти он ба ҳадафҳои ниҳоят муҳим барои инсоният нигаронида шудааст. Фонди мазкур, пеш аз ҳама, лоиҳа ва барномаҳоеро дастгирӣ менамояд, ки барои бартараф намудани пайомадҳои манфии рушди иқтисодӣ, аз ҷумла ифлосшавии боду ҳаво, коркарди партовҳо,  тағйирёбии иқлим ва  ба роҳ мондани истеҳсолот аз ҳисоби сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия равона карда шудаанд.  Бинобар ин барои бахши хусусӣ имрӯз имконияти мусоид баҳри ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо Фонди сабзи иқлимӣ дар самтҳои зикргардида фароҳам оварда мешавад.

 

Октябрь 11, 2017 12:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони Давлати Қатар вохӯрӣ намуд
Лоиҳаи пеш аз асосноккунии техникӣ-иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе ҷамъбаст гардид
ОБЁРИИ ҚАТРАГӢ ЧӢ БАРТАРӢ ДОРАД? Шарҳи коршинос дар ин мавзуъ
Дар Тоҷикистон беш аз 14 ҳазор гектар шолӣ кишт карда шудааст
Хатсайри қатораи Душанбе – Москва — Душанбе пас аз 6 сол барқарор гардид
Дар Панҷакент корхонаи мурғпарварӣ ва ҳавзҳои моҳидорӣ ба фаъолият оғоз намуданд
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии зиддикоррупсионӣ иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон аввалин маҷмааи муосири истеҳсоли шиша бунёд мегардад
Дар ноҳияи Сино низоми «Пардохти ягонаи коммуналӣ» дар марҳилаи пилотӣ ҷорӣ мегардад
Тоҷикистон бо чанд давлати ҷаҳон муносибати савдои хориҷӣ дорад?
Дар Душанбе Форуми рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор шуд