ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ҳавои боронӣ ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст

Октябрь 23, 2017 10:17

ДУШАНБЕ, 23.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе  минтақаҳо борон ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 23 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония вазида, дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 21-26 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ гардида дар баъзе ноҳияҳо боридани борон дар назар аст. Дар баландиҳои 2500 метр боридани барф пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат дар ғарби вилоят рӯзона 17-22, дар шарқи вилоят 7-12 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрнокро пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ ба 4-9 метр дар як сония мерасад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 6-11 ва рӯзона 18-23 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок гашта, ҳарорат дар водиҳо шабона ба 4-9 ва рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 5-7  ва рӯзона 22-24 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 23, 2017 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид