ОБУ ҲАВО: имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кишвар борон ва дар баландиҳои 2500 м барф меборад

Октябрь 18, 2017 08:59

ДУШАНБЕ, 18.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд аз тарафи шимолу ғарб вазиши сахти бод то 17-22 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар бархе ҷойҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе шамол то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳамзамон ба амал омадани чангу ғубор пешгӯӣ мешавад. Дар водиҳо ҳарорати рӯзона паст гардида, ба 8-13 дараҷа мерасад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Имрӯз, 18 октябр тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти ғарб 18-23 метр дар як сония вазида, чангу ғубор ба амал меояд.  Дар водиҳо ҳарорат паст гашта, рӯзона ба 19-24 дараҷа мерасад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ мегардад. Дар ғарби вилоят ҳарорат рӯзона 18-23 ва дар шарқи ҳамин вилоят 6-11 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи абрию боронӣ пешгӯӣ менамоянд. Дар ноҳияҳои вилоят вазиши сахти шамол ба амал омада, суръати он дар баъзе ноҳияҳо ба 18-23 метр дар як сония мерасад. Дар баландиҳои 2500 м борон ба барф мубаддал мегардад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 13-18 дараҷаро ташкил медиҳад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрӣ гашта, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар баландиҳои 3000 м барф меборад.  Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 6-11 ва рӯзона ба 17-22 дараҷа мерасад.

Обуҳавошиносон дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда ва боридани борони кӯтоҳмуддатро пешгӯӣ менамоянд. Шамол аз самти ғарб аз 2-7 то 10-15 метр дар як сония вазида, ҳаво шабона 8-10  ва рӯзона 19-21 дараҷа гарм мешавад.

Октябрь 18, 2017 08:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст