Пахтакорони вилояти Суғд нақшаи истеҳсоли пахтаро барзиёд иҷро намуданд

Октябрь 23, 2017 16:59

ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони вилояти Суғд аз иҷрои нақшаи ҷамъоварии пахта мужда доданд. Бино ба иттилои бахши кишоварзии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, пахтакорони вилоят аз шароити мавҷуда ва боду ҳавои мусоид самаранок истифода намуда, нақшаи муайянгардидаро сарбаландона иҷро намуданд.

Тибқи нақшаи тасдиқшуда, кишоварзони вилоят мебоист 95 000 тонна пахта истеҳсол менамуданд. То 23 октябр дар вилояти Суғд 96 ҳазору 969 тонна «тиллои сафед» истеҳсол гардид, ки ба 102,1 фоизи нақша баробар аст.

Бояд зикр кард, ки кишоварзони вилояти Суғд бо дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ғанӣ гардонидани бозорҳои истеъмолӣ, таъмини бештари аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ, баланд бардоштани боздеҳи замин ва ҳосилнокии зироат, инчунин ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои замин ва об корҳои муайянро ба анҷом расонида, дар самти амалисозии рушди устувори соҳа ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.

 

Октябрь 23, 2017 16:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд