РАФТОРУ МУНОСИБАТИ ШОИСТАРО БО КАЛОНСОЛОН АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БОЯД ОМӮХТ! 1 октябр-Рўзи байналмилалии одамони солхӯрда
ДУШАНБЕ, 01.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аввали солҳои 90-уми қарни гузашта ҳалли мушкилоти ҳаёти калонсолон, ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо, пешгирӣ аз хушунат, муносибати сарду бепарвоёнаи наздикону атрофиён нисбат ба ин қишри ҷомеа, беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии солхӯрдаҳо, аз ҷумла аз ҳаёти якранг, ноумедиву дилсардӣ раҳо намудан ва муҳайё сохтани зиндагии шоиста барои онҳо масъалаҳое маҳсуб мешуданд, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда буданд.
Бо ҳамин мақсад Ассамблеяи генералии СММ 14 декабри соли 1990 1 октябрро ҳамчун Рўзи байналмилалии одамони солхӯрда («International Day of Older Persons») эълом дошт.
Дар ибтидо ин рӯз дар Аврупо, баъдан дар Амрико ва шурӯъ аз охирҳои солҳои 90-ум аллакай дар тамоми ҷаҳон таҷлил мешавад.
Дар Тоҷикистон низ шурӯъ аз соли 1993 Рўзи байналмилалии одамони солхӯрда ҷашн гирифта мешавад.
Бояд зикр кард, ки шахсони аз 60-сола болоро пиронсол ном мебаранд. Чун анъана давраи пиронсолӣ асосан аз давраи ба нафақа баромадани шахс оғоз меёбад.
Тавре аз Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, теъдоди умумии нафақагирон дар ҷумҳурӣ то 1 сентябри соли равон 658 ҳазору 048 нафарро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 ҳазору 255 нафар ё 3,1 фоиз афзоиш ёфтааст.
Яке аз сабабҳои афзоиши насли калонсоли кишвар ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии онҳо вобастагӣ дорад.
Далели дигари ин матлаб, иттилои масъулини Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аст, ки мегӯянд, дар чанд соли охир теъдоди асосии истироҳаткунандагони осоишгоҳҳои ҷумҳуриро насли калонсол- шахсони аз 60-сола боло ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон, ки дорои ҷомеаи суннатист, ба ҷо овардани эҳтироми пиронсолон, пеш аз ҳама, қадрдонии волидайн, дар айёми пирӣ парасторӣ намудани онҳо аз ҳислатҳои ҳамида ва фазилатҳои неки инсонӣ маҳсуб мешавад.
Ёд дорам, ҳанўз аз хурдсолӣ волидайн пайваста ба мо талқин мекарданд: «Эҳтироми пиросолонро ба ҷо биёред! Дуои неки онҳоро бигиред! Дарахт аз об ва одам аз дуо сабз мешавад!»
Ҳатто насиҳат мекарданд, ки дар сурати ноҳақ будани солхўрдаҳо ҳам «хотири мўйи сари сафед»-и онҳоро дида, ҳеҷ гоҳ бо онҳо баҳсу мунозира накунем. Зеро пирон мисли кӯдаканд, дили нозук доранд, аз як ҳарфи ноҷо маъюсу ноумед ва аз як ҳарфи хуб кӯдаквор хушҳолӣ мекунанд.
Бовар дорам, ки дар ҳар хонаводаи тоҷик волидайн ҳатман ҳамин насиҳатро ба фарзандон мекунанд.
Барои миллати тоҷик эҳтироми пиронсолон, бахусус волидайнро ба ҷо овардан аз арзишҳои миллӣ маҳсуб мешавад.
Намунаи барҷастаи ин эҳтиром дар муносибати боназокати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо насли калонсоли кишвар баръало эҳсос мегардад. Сарвари давлат ҳангоми сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар ҳатман бо пирони рӯзгордида мулоқот ва суҳбатҳои самимона меороянд, аз аҳволи саломатӣ, мушкилоти рӯзгорашон пурсон мешаванд ва дуои некашонро мегиранд.
Аз муносибати гарму ҷӯшони насли калонсоли кишвар ҳам аён мегардад, ки онҳо низ ин самимияти Президенти кишварро ба хубӣ дарк менамоянд ва он боиси хушҳолӣ, умеду боварии онҳо ба фардои дурахшони ин сарзамин гардидааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба пиронсолон, шахсони яккаву танҳо пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Дар яке аз суханрониҳояшон дар ин маврид таъкид намудаанд, ки «пирони рӯзгордида ва дар обу оташи зиндагӣ обутобёфта давлати сари мо мебошанд. Ҳамаи мо вазифадорем, ки дар ҳаққи онҳо, то тавонем, ғамхорӣ намоем. Фаромӯш набояд кард, ки баробари кумаку ғамхорӣ ба маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизоат, мо ба наврасону ҷавонон ва наслҳои ояндаи миллат сабақи раҳму шафқат ва инсондӯстиву қадрдонӣ меомӯзем».
Ҳамин сиёсати хирадмандонаи Давлату Ҳукумат ва Пешвои миллат аст, ки дар Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои пиронсолон заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар моддаи 34–и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд».
Ин меъёр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешбинӣ шудааст.
Дар моддаҳои 88 ва 89-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки «агар падару модар дар масъалаи аз нигоҳбонӣ саркашӣ намудани фарзандонашон ба суд муроҷиат намоянд, дар ин ҳолат аз ҳамаи фарзандон барои таъминоти моддии онҳо маблағи муайян ситонида мешавад. Агар фарзандон таъйиноти судиро иҷро накунанд, нисбат ба онҳо дар марҳилаи аввал корҳои ислоҳӣ бурда шуда ва баъдан ба муҳлати ду сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд».
Мутаассифона, солҳои охир бо таъсири баъзе унсурҳои бегона ин тамоюли ба суннат ва фарҳанги миллати мо бегона — дар айёми пирӣ аз парастории волидайн саркашӣ намудану ба хонаи пиронсолон супоридани онҳо зиёд ба мушоҳида мерасад. Тибқи иттилои масъулин, айни ҳол дар марказҳои иҷтимоӣ беш аз 1300 нафар шахсони синнашон аз 60 боло нигоҳбонӣ карда мешаванд.
Сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба он равона гардидааст, ки барои шахсони эҳтиёҷманд дар хонаҳояшон шароит муҳайё намуда, онҳо дар муҳити оилавӣ нигоҳубин шаванд. Зеро коршиносон баъди омӯзишу таҳлили ҳамаҷониба ва гузаронидани назарсанҷиҳои зиёд ба хулосае омаданд, ки бо вуҷуди муҳайё будани тамоми шароити будубош дар ин марказҳои иҷтимоӣ ниёзмандон дар хона, дар муҳити хонавода ва ҳалкаи пайвандон зистанро афзалтар медонанд.
«Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҷумҳурӣ танҳо се хона – интернат барои пиронсолон — дар ноҳияҳои Ёвону Бохтар ва шаҳри Панҷакент таъсис ёфтаанд. Ин ҳам ба он хотир буд, ки дар замони ҷанги гражданӣ дар ҷумҳурӣ шаҳрвандони миллатҳои дигар, хусусан русзабонҳо зиёд буданд. Фарзандони онҳо хонаҳояшонро фурӯхта, Тоҷикистонро тарк карданд ва волидонашон дар кӯча монданд», — мегӯяд сардори Раёсати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қудратулло Қурбонов.
Қудратулло Қурбонов ҳамчунин зикр намуд, ки имрӯз сиёсати давлат ба он равона гардидааст, ки барои эҳтиёҷмандон бештар марказҳои будубоши рӯзона кушода шаванд. Аз оғози истиқлолият то имрӯз дар ҷумҳурӣ зиёда аз 14 маркази хизматрасонии иҷтимоӣ таъсис ёфтаанд, ки дар онҳо қисмати хизматрасонии рӯзона бештар мебошад. Онҳое, ки қобилияти роҳ гаштан доранд, худашон ба марказҳо омада, дар клубҳои муошират ва дигар маҳфилҳо бо ҳамсолон суҳбат мекунанд. Ҳамчунин аз муоинаи духтурон мегузаранд, маслиҳатҳои ҳуқуқӣ мегиранд ва ғизои гарми нисфирӯзиро ҳамроҳ тановул карда, ба хонаҳои худ мераванд. Дар ҳар муассиса ба 100 ва аз он ҳам бештар пиронсолон хизмат мерасонанд. Ҳамаи сарфу харҷ аз ҳисоби давлат аст».
Бояд тазаккур дод, ки алҳол дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаҳо фаъолият доранд.
Мудири шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ дар хонаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Дилором Шералиева зикр кард, ки корманди хадамоти хизматрасонии иҷтимоӣ будан хеле мушкил буда, масъулияти зиёд дорад. Чунки аксари ниёзмандони он, ки азияти зиёди ҷисмониву равонӣ кашидаву дар пирӣ танҳо мондаанд, асабониянду ба нигоҳубини махсус эҳтиёҷ доранд.
«Кормандони шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба ниёзмандон дар рӯбучини хона, тайёр кардани хӯрок, шустушӯи либос, хариди ғизо ва дорувор, даъвати духтур ба наздашон ва аёдати онҳо ҳангоми бистарӣ будан дар беморхона, расонидани нафақа, мутолиаи китобу рӯзномаву маҷалла ва баргузории маросими дафн хизмат мерасонанд. Аксари кормандони шуъбаҳои мазкур занони собиқадору дорои маълумоти миёнаи махсуси тиббиву педагогианд»,- афзуд Д.Шералиева.
Ҳар яки мо барои таъмини зиндагии шоистаи пиронсолон масъулем ва ин байти шоирро бояд ҳамеша дар хотир нигоҳ дорем:
Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,
То азизи дигарон бошӣ ту низ.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»