Шаҳрванди Россия баъди ҷангҳо дар Сурия бо шиносномаи қалбакии Тоҷикистон дастгир шуд
ДУШАНБЕ, 23.10.2017. /АМИТ «Ховар»/. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти шаҳрванди Федератсияи Россия, ки бо омода намудани шиносномаи қалбакии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳҳои ҷинояткори «Давлати исломӣ» пайвастааст, хабар медиҳад.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Хисамов Денис Франгизович 18 декабри соли 1983 дар шаҳри Краснодари Федератсияи Россия таваллуд шуда, шаҳрванди Федератсияи Россия, маълумоташ олӣ, номзади илмҳои техникӣ мебошад. Ӯ собиқ корманди Вазорати мудофиаи Федератсия Россия бо рутбаи капитан мебошад.
Дар моҳи майи соли 2015 бо роҳи қалбакӣ шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуда, тавассути ин шиноснома аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Туркия рафта, дар он ҷо ба гурӯҳи ҷинояткори «Давлати исломӣ» пайвастааст. Денис Хисамов дар муноқишаҳо ва ҷангҳои сарзамини Ироқу Сурия фаъолона ширкат варзида, моҳи апрели соли 2017 вақти баргаштан аз минтақаҳои ҷангзадаи Ироқу Сурия аз ҷониби кормандони милитсияи Ҷумҳурии Туркия дастгир гардида, барои доштани шиносномаи қалбакии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шудааст.
Ба иттилои Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Денис Хисамов барои содир намудани ҷиноят қасди баргаштан ба Федератсияи Россияро доштааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






