Сокини ноҳияи Нуробод барои гузаронидани маъракаи гаҳворабандон панҷ ҳазор сомонӣ ҷарима гардид

Октябрь 28, 2017 10:21

НУРОБОД, 28.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Суди ноҳияи Нуробод сокини ҷамоати деҳоти Комсомолобод Мавлон Таибовро  барои гузаронидани маъракаи гаҳворабандони наберааш   дар асоси моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии  маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ  ба андозаи сад нишондиҳанда, баробар ба панҷ ҳазор сомонӣ   ҷарима таъйин намуд. Дар ин бора  судяи Суди ноҳияи Нуробод Мадина  Камолзода ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Номбурда  бар хилофи талаботи моддаи  9-и  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки  бояд маъракаи гаҳворабандон дар доираи оила, бе забҳи чорво ва хизматрасонии санъаткорон баргузор карда шавад, ин маъракаро бо иштироки васеи ҳамсояҳою меҳмонони зиёд ва бо додани ду таом гузаронидааст.
Мавлон Таибов соҳиби даҳ фарзанд буда, муваққатан бекор мебошад. Сатҳи зиндагияш паст буда,  зимни баргузории маъракаи гаҳворабандон  як  наберааш бемор будааст.

Вале ба ҳамаи ин мушкилоти зиндагӣ нигоҳ накарда, ӯ бо сарфи зиёда аз ду ҳазор сомонӣ маъракаи гаҳворабандонро бодабдаба гузаронидааст.
Тибқи иттилои судя Мадина Камолзода, суди ноҳияи Нуробод дар нуҳ моҳи соли равон 152 адад парвандаҳои ҳуқуқвайронкуниро баррасӣ намудааст, ки 4 адади онҳо оид ба иҷро накардани  талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мебошанд.

Октябрь 28, 2017 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Чаро маъракаҳои ҳоҷиталбон ҳолати худнамоишдиҳӣ гирифтаанд?
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои қонуншиканӣ вобаста ба вайрон намудани қонуни танзими анъана зиёд шудаанд
16 СОЛИ ПУР АЗ МАНФИАТ. Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муҳимияти он дар зиндагии сокинон
ТАНЗИМИ МАЪРАКАҲО — ОМИЛИ ЗИНДАГИИ БОСАОДАТ. Таҳти ин унвон дар шаҳри Левакант бо сокинон мулоқот доир гардид
Дар Суғд доир ба шарҳи қонунҳои миллӣ корҳои таблиғотӣ ва силсиламулоқот гузаронида шуданд
Дар Вазорати молия ҷиҳати татбиқи қонуни танзим ҷаласа доир шуд
Барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 358 парванда аз ҷониби судҳо баррасӣ гардид
Ҷаримаҳо барои риоя накардани талаботи қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим зиёд карда шуданд
Суди ноҳияи Файзобод Шобидин Табаровро барои риоя накардани қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ҷарима намуд
Дар 20 рӯз 9 ҳолати вайрон намудани муқаррароти қонуни танзими анъана ва ҷашну маросим ба қайд гирифта шуд
Ба сокини шаҳри Турсунзода барои риоя накардани Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Точикистон» ҷарима таъйин гардид
Суди ноҳияи Файзобод: Суннат Гулов барои риоя накардани қонун ба маблағи 2750 сомонӣ ҷарима месупорад