Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори дигар мавриди баррасии олимон ва донишмандон қарор бигирад

Октябрь 5, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиши илмиву адабӣ ва фарҳангӣ бахшида ба Рўзи забони давлатӣ баргузор гардид.

Ҳамоишро Президенти Академияи илмҳои ҶТ, академик Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки «ҳифз ва рушду тараққии забони давлатӣ дар замони истиқлолият аз омилҳои асосии пешравии илму фарҳанг дар кишвари тоҷикон маҳсуб меёбад, чунки истиқлолияти маънавӣ  шароит фароҳам овард, то забони миллӣ мақоми давлатиро соҳиб шавад».

Сипас, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокдоронро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, изҳор дошт, ки забон бузургтарин неъмати инсонӣ аст, ки барои пойдории давлат нақши муҳим дорад.

DSC_0083Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳамзамон аз таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба рушди забони тоҷикӣ, ки барои пешрафти он як қатор тадбирҳои судманд амалӣ гардидаанд, ёдовар шуд.  Бахусус, нақши ниҳоят бузург ва арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рушди забони адабии тоҷикӣ таъкид намуд.

Академик, аз ҷумла, иброз намуд, ки Пешвои миллат барои муаррифӣ кардани забони давлатӣ китоби бисёр муҳиму арзишманди худ- «Забони миллат-ҳастии миллат»-ро пешниҳоди ҳаводорони аҳли илм, таҳқиқ ва пажӯҳиш гардониданд, ки он аз ҳама ҷиҳат бораи шинохти таъриху ташаккули забони тоҷикӣ ва миллати тоҷик аҳамияти бағоят бузург дорад. Ин асари муҳим имкон фароҳам меорад, ки мо муҳимтарин паҳлӯҳои таърих ва ташаккули забони тоҷикиро як бори дигар омӯзем ва ба он арҷ гузорем.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар идомаи суҳбат якчанд пешниҳодҳоро манзури иштирокдорон намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки китоби «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ» бори дигар мавриди баррасии олимон ва донишмандон қарор бигирад ва масъалаҳои норавшане, ки дар он ҷой доранд,  бахусус дар тарзи навиштори забони тоҷикӣ такмил дода, сипас пешниҳод карда шаванд. Луғати имлои забони адабии тоҷикӣ, ки як маротиба дар даврони истиқлолият интишор гардидааст, бори дигар аз ҷониби Вазорати фарҳанг ва Вазорати маориф ва илм интишор шавад. Чунки ин китоб ҳамчун дастури бисёр муҳим ҳам барои омӯзгорон ва ҳам барои зиёиёну хонандагон ва наврасону ҷавонон арзиши ниҳоят бузург дорад. Ду маротиба «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо ибтикори Пешвои миллат аз чоп баромад, вале, мутаассифона, дар ҳарду нашри фарҳанг хатогиҳои хеле зиёд ба чашм мерасанд. Ва қисми зиёди калимаҳо ва мафҳумҳои зиёд дар фарҳанг ҷой нагирифтаанд. Академияи илмҳо ва Институти забон ва адабиёт бояд аз ҳисоби дигар донишмандони институтҳо гурӯҳи фаъол таъсис дода, фарҳангро мукаммал гардонанд. Ба Академияи илмҳо дастур дода шуд, ки вақти он расидааст, ки аз нигоҳи илмӣ китоби «Таърихи забони тоҷикӣ» навишта шавад.

DSC_0102Абдуҷаббор Раҳмонзода изҳори таассуф намуд, ки «ба истиснои якчанд луғатнома, бисёре аз луғатҳо имрӯз ба хати кириллӣ гардонида нашудаанд. Хушбахтона, аз замони устод Айнӣ сар карда, корҳои бисёр хуб дар ин замина амалӣ шуда бошанд ҳам, вале баъди солҳои 90 вобаста ба ин масъала кор қатъ  гардид. Вақти он расидааст, ки Институти забон ва адабиёт ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кунад. Луғатномаи «Деҳхудо»-ро бояд дар шакли электронӣ бо хати кириллӣ баргардонида, ба таври сода пешниҳод намоем. Масъалаи дигаре, ки бисёр муҳим ва арзишманд ҳисобида мешавад, ин стандартизатсияи калима ва истилоҳот вобаста ба ҳар забон аст.  Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки якҷоя бо мутахассисони Академияи илмҳо ба яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим ва баҳснок- масъалаи стандартизатсияи калимаҳои соҳавӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд ва мафҳуми калимаҳои ҳар як соҳаро бояд ба таври луғат омода намояд. Як сабаби баҳсҳои хеле зиёде, ки дар ВАО ба мушоҳида мерасад, ин қафомонии мо дар стандартизатсия кардани калимаҳо мебошад. Дар масъалаи гирифтани пеши роҳи ғалатнависӣ дар ВАО Кумитаи истилоҳот ва забонро зарур аст, ки сари ин масъала андеша намояд. Зеро аксарияти рӯзномаву маҷаллаҳои ғайриҳукуматӣ бо тарз ва диди худ мафҳумҳо, калимаҳо ва ҷумласозӣ мекунанд, ки аксарияти он пур аз ғалат аст. Вақти он расидааст, ки сари ин масъала андеша намоем».

Сипас раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, доктори илми филология Гавҳар Шарофзода, директори Институти забон ва адабиёт, узви вобастаи АИ ҶТ Сахидод Раҳматуллозода ва дигар олимони забоншинос, инчунин шоирон Аскар Ҳаким, Давлати Раҳмониён, Раънои Мубориз ҷиҳати таҳқиқи масъалаҳои илми забоншиносии муосир маърўзаҳои илмӣ намуданд.

Дар ҳамоиш зикр шуд, ки муддати садсолаҳо бузургон забони тоҷикиро пажӯҳиш намудаанд ва умед аст, ки таҳқиқу пажӯҳиши он садсолаҳои дигар аз ҷониби донишмандони забоншиноси миллӣ идома меёбад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоиш бо ибтикори Академияи илмҳои ҶТ ва Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати ҶТ гузаронида шуда, дар он дар баробари забоншиносон, намояндагони Иттифоқи нависандагон, Вазорати  маориф ва илм ва Вазорати фарҳанг низ иштирок доштанд.

 

 

 

Октябрь 5, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд
Гумрукчиёни тоҷик дар Суғд беш аз 500 ҳазор дона маводи тарфгариро ошкор намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар пойтахт Лоиҳаи «Рушди устувори шаҳри Душанбе» муаррифӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Эрон дар соҳаи энергетика баррасӣ гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Бахшида ба он дар Душанбе ҳамоиши ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, туман мефарояд
Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология баррасӣ шуданд
Масъалаҳои омодагӣ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе баррасӣ шуданд
Пойгоҳҳои базавии мустақил — барои корхонаю фабрикаҳо
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад