Таҷлили Рӯзи забони давлатӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
ДУШАНБЕ, 05.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамоиш Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Мавҷигул Давлатшоева, мудири бахши экспертизаи забоншиносии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нарзулло Каримов, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология сухан гуфтанд.
Зариф Ализода иброз дошт, ки «ҳамасола 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон –рамзи худшиносию худогоҳӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг ва ҳувияти миллӣ дар саросари кишвар ҷашн гирифта мешавад. Ин санаи муборак дар қатори пурифтихортарин ҷашнҳои Тоҷикистон қарор дошта, мо онро мисли дигар муқаддасоти миллии худ гиромию муътабар медонем ва ба сифати нишонаи ҳастии миллат чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем”.
Мавҷигул Давлатшоева атрофи сиёсати давлатӣ дар соҳаи забон ва тадбирҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидашаванда ҳарф зад. Зикр шуд, ки забони тоҷикӣ дар минтақа ва ҷаҳон аз шуҳрат ва эътибори хос бархурдор буда, тавассути забон ҳувияти миллии мо ҳифз карда мешавад.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, номзади илми филология Нарзулло Каримов ба иштирокчиёни ҳамоиш оид ба қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ маълумот дода, гуфт, ки барои истифодаи дурусти забон ва хат донистани қоидаҳои имло хеле зарур ва ҳатмист.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






