ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 30 октябр, душанбе, 303-юмин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 62 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 30, 2017 08:06

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

30 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои ширкат дар ҳамоиши навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои ИДМ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 30 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Хунвейро ба ҳузур пазируфта буданд.

***

5 сол қабл, 30 октябри соли 2012 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ташриф оварда, мактаби замонавии онро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буданд.

30 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи гиромидошти хотироти қурбониёни сиёсӣ дар Россия.

***

Рӯзи меҳнат дар Зеландияи Нав

РӮЙДОДҲО:

30 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведевро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯз, 30 октябри соли 1908 Россия соҳиби аввалин медали тиллои олимпӣ гардид.

***

97 сол муқаддам, 30 октябри соли 1918 Осорхонаи мардумони Шарқ таъсис дода шуд.

***

30 октябри соли 1943 дар Москва дар натиҷаи баргузории конфронс миёни Иттиҳоди Шӯравӣ, ИМА, Англия ва Чин шартнома оид ба таъсиси СММ ба имзо расида буд.   

***

Дар ин рӯз, 30 октябри соли 1959 дар натиҷаи пай дар пай ба амал омадани заминҷунбӣ ва тӯфон дар Мексика 5 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд.

***

30 октябри соли 1974 дар Лондон китоби Чарл Чаплин «Зиндагии ман дар филм» ба нашр  расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1995 амрикоиҳо нахустин маротиба ҳайати иборат аз 8 нафарро ба кайҳон фиристоданд.

 

Октябрь 30, 2017 08:06

Хабарҳои дигари ин бахш