ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: Имрӯз 31 октябр, сешанбе, 304-умин рӯзи соли 2017 аст. То охири сол 61 рӯзи дигар боқӣ мондааст

Октябрь 31, 2017 08:48

Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шаҳлои САДРИДДИН варақ мезанад:

 

31 октябри соли 2015  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тамошои сабқати финалии Ҷоми Конфедератсияи Футболи Осиё — 2015 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Тоҷикистон ва «Ҷоҳор Дарул Такзим»-и Малайзия ба майдони марказии варзишии пойтахт ташриф оварданд.

 ***

Дар ин рӯз, 31 октябри соли 2013 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи якуми лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ё худ низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиётро барои шаҳри Душанбе расман ба кор дароварданд.

***

6 сол қабл, 31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони пули навбатии мошингард миёни Тоҷикистону Афғонистон ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳини (собиқ Шӯроободи) вилояти Хатлон сафар карданд.

31 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии Баҳри сиёҳ.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии шаҳрҳо.

 ***

Рӯзи байналмилалии сарфакорӣ.

РӮЙДОДҲО:

31 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, пешвои исмоилиёни ҷаҳон Карим Оғохони 4 ва Вазири фавоиди оммаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулқуддус Ҳамидӣ бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба бунёди пули 6 – ум миёни Тоҷикистону Афғонистон оғоз бахшиданд.

***

31 октябри соли 1984 сарвазири Ҳиндустон Индира Ганди аз ҷониби муҳофизонаш ба қатл расонида  шуд.

***

Дар ин рӯз, 31 октябри соли 2011 бинобар ҳисоботи Фонди нуфуси аҳолии СММ 7-миллиардумин сокини Замин ба дунё омад.

***

85 сол муқаддам, 31 октябри соли 1932 дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин Кодекси гражданӣ  мавриди амал қарор гирифт.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1892 Артур Конан Дойл китоби худ «Воқеаҳои ногаҳонии Шерлок Хомс»-ро ба нашр расонд.

***

Соли 1906 Намоиши ҷаҳонии «Экспо-1906» дар шаҳри Милани Италия кори худро ба анҷом расонид.

 

 

Октябрь 31, 2017 08:48

Хабарҳои дигари ин бахш