ВАҚТИ ОН АСТ, ЭЙ ҚАЛАМ… Нависанда ва публисист Мансур Сайфиддин дар бораи масъулияти адиб дар назди ҷомеа ва замон

Октябрь 6, 2017 08:20

ДУШАНБЕ, 06.10.2017./АМИТ “Ховар”/. Вазифаи ҷонии нависандагону рӯзноманигорон дар ҳама давру замон аз он иборат аст, ки дар асарҳои худ  таърихи муосирро инъикос намоянд. Ин нуктаро бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ беҳтар аз ҳама дарк мекард. Ӯ на танҳо нависанда ва донишманди бузург, балки инчунин устоди беҳамтои жанри публисистика, солноманигори ҳақиқии даврони пурошӯби худ буд. Мероси азими публисистии ӯ гувоҳи он аст, ки устод чӣ гуна ба масъалаҳои мубраме, ки ҷомеаро ба  ташвиш меоварданд,  фавран ва муфассалан вокуниш нишон медод.  Мақолаҳо, очеркҳо ва памфлетҳое, ки   дар тӯли тамоми ҳаёти эҷодии нависанда   ‑‑   бештар аз ним аср!   ‑‑аз зери қалами нависанда рӯйи коғаз меомаданд, дар нашрияҳои гуногуни матбуоти тоҷик, ӯзбек, тотор ва озар парешонанд ва то имрӯз ба андозаи кофӣ омӯхта нашудаанд. Пажӯҳишгарон мақолаҳои Садриддин Айниро, ки дар нахустин  маҷаллаи тоҷикӣ“Шуълаи инқилоб” бо тахаллусҳои мухталиф ба табъ расидаанд, ошкор менамоянд. Як цатор мақолаҳои    дар рӯзномаи “Овози тоҷик” ва маҷаллаи “Раҳбари дониш” батабърасидаи С. Айнӣ, ки бар зидди пантуркистон  ва ба ҳимояи вижагии  мардуми тоҷик нигаронида шудаанд,  аҳамияти бузурги сиёсӣ доштанд.  Дар солҳои сиюм С. Айнӣ  оид ба комёбиҳои заҳматкашони ҷумҳурӣ ва масъалаҳои ҳалталаби рӯзгори миллати тоҷик мақолаҳое мунташир кард, ки унвони онҳо худ бозгӯйи худ аст: “Ҳангоми обод кардани харабаҳо расид”, “Ҳафтаи афтфол чист?», «Мубориза дар роҳи киштукор”, “Ба муносибати ҳафтаи ташвиқоти таълими аскарӣ”, “”Масъалаи маориф ва китоб”, “Андози ғалла ва дуккони ҷамоат”, “Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ”, “Қавми тоҷик ва рӯзнома”, “”Тоҷикони кӯҳистон”, “Қобилияти ташкилотӣ дар тоҷикон”. “Кори Тоҷикистон гул карданист”, “Кишваршиносӣ”, “Ҷавонӣ”, “”Ду ҳашар”, “ “Обёрӣ”, “Канали Тӯқсанкорез”, “Канали Марғедар”, “Конститутсия ба халқи мо чӣ дод?», «Интихобот ва ҷавонон”, “Масъалаи ткадррасонӣ масъалаи таъхирнопазир аст” ва ғайра. Ин мақолаву хитобаҳо ва паифлетҳо дар ҷилди якуми осори баргузидаи устод Айнӣ иборат аз ду ҷилд, ки  таҳти унвони “Акнун навбати қалам аст” дар шаҳри Душанбе соли 1977 тавассути нашриёти Ирфон” чоп шудааст, гирд оварда шудаанд.

Бубинед, устод Айнӣ дар ҷараёни зиндагӣ ва фаъолияти эҷодияш ба масъалаҳои муҳими тамоми соҳаҳо, аз кишваршиносию кишоварзӣ, сохтмону саноат, мактабу маориф, фарҳангу ҳунар сар карда, то мавзӯи хизмати аскарӣ ва масъалаи кадрҳо таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо нигоштаҳояш ба халқу Ватан ва давлат хизмат кардааст.

Фаъолияти публисистии С. Айнӣ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ  махсусан  густариш ёфт, ки он замон памфлетҳои тунду тези ӯ аз қабили “Чингизи асри ХХ”, “Деви ҳафтсар”, “Ҷонкании дарандаи захмгин”, “Ҳар зараррасонандаи авлоди башарро нест бояд кард”, “Хари бедум”, “Ватан‑Модар” ва ҳоказо рӯзномаҳоро оро медоданд. Солҳои  вопасини умраш низ С. Айнӣдар публисистика фаъолона кор мебурд.

Аммо ӯ ҳеҷ гоҳ мақолаҳои хушку берӯҳ, расмӣ, дилгиркунанда наменавишт, маҳз бо ҳамин сабаб устод  дар тӯли даҳсолаҳо дилу ақли хонандагони сершуморро  тасхир менамуд. Омезиши публисисти оташинсухан бо нигорандаи фасеҳбаён дар  ӯ чунон табиӣ ва фитрӣ сурат мегирифт, ки якеро аз дигаре ҷудо кардан душвор буд. Ҳар рӯзноманигори муосир мақолаи С. Айнӣ“Сайфу қалам”‑ро хонда,  метавонад касби худро аз ӯ биомӯзад, ки устод дар он баҳри баррасӣ ва ошкорсозии масъалаҳои ҳаётӣ дар матбуот ва ба воситаи қалам ҳамчун ба воситаи шамшер аз беху реша буридани ҳама зуҳуроти манфие, ки пеши роҳи тараққиётро мегирад,  даъват ба амал меорад. Вале аз Айнӣ омӯхтан маънои нусхабардорӣ карданро надорад: омӯхтан ва нусхабардорӣ кардан ду чизи мухталифанд. Даврае бо давраи дигар иваз гашт, олам  тағйир ёфт, дар харитаи сиёсии ҷаҳон  мамлакатҳои нав пайдо шуданд.  Замони нав дар назди публисистон вазифаҳои нав мегузорад, ки инро арбобони ҳақиқии сухан  ҷиддан эҳсос мекунад.

Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Абдусалом Деҳотӣ ва дигар шогирдони содиқи С. Айнӣ ҳам аз ӯ ибрат мегирифтанд. Назари онҳо ба зиндагӣ ва замон,  баҳои онҳо ба ҳаводиси ҷорӣ на танҳо дар асарҳои бадеӣ, балки инчунин дар мулоҳизаҳои публиситиашон низ таҷассум меёфтанд.

Имрӯз ҳам адибоне вомехӯранд, ки мавқеи фаъолонаи онҳо  дар мақолаҳояшон оид ба мавзӯъҳои мубрамтарини даврон инъикос мегардад.  С.Турсун, А. Самад,  Б. Муртазо, К. Насрулло, шодравон А. Сайфуллоевро ба ҳамин гурӯҳ мутааллиқ донистан мумкин аст. Аммо ин суханро дар бораи бисёр дигар аъзои ИН ва ИЖ, ки  садҳо нафарро ташкил медиҳанд, гуфтан наметавон.  Дар замоне, ки оид ба масъалаҳои чӣ дохилимиллӣ ва чи байналмилалӣ сухани боэътибори худро  изҳор намудан зарурат дорад, онҳо хомӯш нишастанро афзал меҳисобанд. Ин бефаъолиятиву бепарвоии  барои  арбоби қалам нораворо бо кадом сабаб фаҳмондан мумкин? Хоҳиш надоштан барои баҳсу мунозира, кӯшиши аз мушкилоти шадид гурехтан, буздилӣ, адами мавқеи возеҳи шаҳрвандӣ, қареҳаи ҳунарӣ ва ғаризаи сиёсӣ, ватандӯстии дурӯғин? Пас магар нависанда барои виҷдони миллат номидани худ ҳақ дорад?

Бефаъолиятӣ ва асарҳои музахрафотии баъзе муаллифон роҳбарияти Иттифоқи нависандагонро маҷбур намуд, ки бозбинии мунтазами фаъолияти адабии аъзои ин созмони куҳанбунёдро ба роҳ андозад.  Дар  натиҷа баъзе аъзои ИН аз сафи он хориҷ карда шуданд. Дар омади гап, ин гуна таҷриба ҳамчунин дар айёми пешин, ки роҳбарии Иттифоқро сиюяк сол бефосила устоди шаҳир ва фаромӯшнопазир Мирзо Турсунзода ба дӯш мекашид, вуҷуд дошт. Яқин, ин амал дуруст буд. Шоҳбайти Фирдавсии бузургворро ба ёд меорем:

Пароканда лашкар наояд ба кор,

 Дусад марди ҷангӣ беҳ аз сад ҳазор.

Нақши адабиёт моҳиятан имрӯз ҳам тағйир наёфтааст. Он барои ёварӣ намудан ба хонанда ҷиҳати дарки ҳодисот ва тамоюлҳое, ки   дар ҷаҳон сурат мегиранд, муваззаф аст.  Дар байни  масъалаҳои  ба таври васеъ маълуми ахлоқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ  имрӯз масъалаи ҳифзи сулҳу амонӣ ва ҳаёт дар рӯйи Замин афзалият дорад.

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр шуд,  пайравии худро ба арзишҳои демократӣ эълон намуд. Ба назари  ман, яке аз дасовардҳои асосии даврони мо  ин аст, ки ба туфайли Президенти муҳтарами мо Эмомалӣ Раҳмон ормони миллӣ  ба сатҳи давлатӣ бардошта шуд. С. Айнӣ, А. Мунзим, М. Беҳбудӣ ва дигар  равшанфикрони асри гузашта  ҳаминро орзу мекарданд.

Публисистика, ҳамчун  адабиёти бадеӣ,  бисёрҷанба мебошад ва ба тамоюлоти нав вокуниш нишон медиҳад. Вазъи сиёсӣ дар минтақа ва ҷаҳон, тавре ки маълум аст,  хеле мураккаб шуда, терроризм ва экстремизм  торафт бештар доман паҳн мекунад.  Дар бисёр мамлакатҳои исломӣ, Сурия, Ироқ, Ливия, Яман ва Афғонистон  гурӯҳҳои террористӣ амал менамоянд.  Бисёр ҷавонон аз мамлакатҳои гуногун ба онҳо мепайванданд. Мутаассифона, дар миёни онҳо зодагони Тоқикистони мо низ ҳастанд. Чунон  ки Президенти кишвар зикр намудаанд, аксар вақт ин аз боиси  сатҳи пасти маърифатнокӣ,  аз боиси ҷаҳолат, аз он ки ҷавонон ба таври бояду шояд тарбия намегиранд,  рӯй медиҳад. Аз ҷаҳолат то ваҳшоният бошад, ҳамагӣ як қадам фосила аст. Воқеиятеро, ки  дар Сурия  ҷанговари ҷавони мутаассиб  аз гурӯҳи  террористии ДИИШ  хунсардона модари худро  мекушад, танҳо ҳамчун ваҳшоният баҳо додан мумкин аст. Ин қабил одамонро Чингиз Айтматов дар асари худ мисол оварда, онҳоро “манқурт” номидааст ва ҷараёни бегонашавӣ аз аслу насаб ва фарҳангу тамаддуни худро “манқуртизм” номидааст.

Ҷанговарони  ДИИШ  навраси 14‑соларо , ки намози ҷумъаро  қазо кардааст, дар пеши чашми падару модараш  ба қатл мерасонанд. Бар илова,  падару модарро  зери мили мусалсал  маҷбур менамоянд, ки ин манзараи мудҳишро тамошо бикунанд.  Модари ҷавонро барои он ки вай дар ҳузури дигарон, ҳарчанд зери фаранҷӣ бошад ҳам, ба кӯдаки навзодаш сина макондааст, то мурдан зарбу  лат менамоянд. Ин ваҳшонияти гӯшношунид, девонагии маҳз,  ҳукмфармоии  беқонунӣ мебошад, ки онро танҳо бо кӯшиши умумии тамоми халқҳо,  иттиҳоди ҳама нерӯҳои солими  башарият  боздоштан метавон. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланд  хастагинопазирона ба ҳамин амал даъват мекунанд.

Мутаассифона,  нерӯҳои сияҳкори шар, мисли оби тира дар оби соф,  хусусияти паҳн шудан доранд. Танҳо  соли гузашта дар шимоли Тоҷикистон  даҳҳо узви  гурӯҳу ҳаракатҳои    мамнӯи   террористӣ ва экстремистии “ Салафия”, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ансоруллоҳ” боздошт шудаанд. Садҳо  шаҳрванди Тоҷикистон барои робита бо ин созмонҳо дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ эълон гардидаанд.  Оид ба онҳо парвандаҳои  ҷиноятӣ кушода шуда, тафтишот идома доранд.  Ин зуҳуроти беҳад изтиробангез мебошад.   Дар миёни онҳо зиёд будани ҷавонон хеле ташвишовар аст. Иддае аз ҷавонон ва занону бонувони мо зери таъсири гурӯҳҳо ва қувваҳои иртиҷоӣ монда, ба  расму оин ва сарулибоси  мардуми бегона тақлид мекунанд.

Ҳамзамон ба гурӯҳҳои  ғоратгаронаи террористии   “Толибон”, ДИИШ, “Ал‑Қойида” ва ғайра  пайвастани   ҷавонони Тоҷикистон, дур шудан аз ҳуввияти милли худ, ба назари ман, комилан бемаънӣ ва ғайритабиӣ менамояд.  Зеро ифтихор ва пайравӣ аз расму оини миллӣ, арҷ гузоштан ба  асосҳои башардӯстӣ, раҳмдилӣ, накӯкорӣ, хирадмандӣ, майл ба  дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум  аз азал дар хулқу атвори миллии мардуми тоҷик сиришта шудаанд.  Ҳанӯз дар замонҳои қадим,  чандин аср пеш аз давраи милодӣ нахустин Паёмбар Заратуштра,   ё ба шеваи юнонӣ Зороастр, ё тавре ки дар забони миёнаи эронӣ номида мешуд, Зартушт аз авлоди Спитама,  сегонаи ахлоқии пиндори нек, гуфтори нек  ва рафтори некро васият карда буд.

Ду аср пеш шарқшинос ва сайёҳи маъруфи маҷорӣ  Герман Вамбери, ки  дар намуди  дарвеши ланг  то  Бухоро расидааст, дар китоби худ “Саёҳат ба Осиёи Миёна”  навишта буд, ки  тоҷикон, ҳатто дар асорат зиста, ҳамеша нисбат ба ғосибони худ тамаддунофар боқӣ мондаанд. Яъне ниёгони шарафманди мо ҳамеша соҳибфарҳанг будаанд.  Аз ин сабаб мо ҳам бояд шоистаи ниёгони худ бошем.

Классикони худ Саъдӣ ва Ҷалолиддини Балхии  Румӣ, дигар  шоирон ва мутафаккирони бузаргамонро ба хотир меорем, ки онҳо  бо кулли осорашон  ғояи дӯстӣ, баробарҳуқуқӣ ва сулҳу салоҳ дар байни халқҳоро тараннум мекарданд.

Шоири мардумӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода навишта буд:

Дӯстиро  ҷустуҷӯ дорем мо,

Аз амонӣ гуфтугӯ дррем мо.

Дар шарити замони муосир   адибон  барои мавқеи тамошобинони бетарафро ишғол кардан, дар манораи оҷпаноҳ будан ҳақ надоранд.  Ин ҷо суханони шоири ӯзбек Ойбекро ба хотир овардан муносиб аст:

Ман намехоҳам,  набитвонам,

Ҳар гаҳе амвоҷ шӯру ғулғул ангезад,

Шинам андар  соҳилу бинам,

Чун ба ҳам ду мавҷ баҳри ҳарб овезад.

Не, аё халқи азизам, бо туям якҷо

Доимо дар рӯзи ғамҳо, рӯзи шодиҳо.

Бо сухани пурилҳому пурэҳтирос  сулҳу амониро дар сайёра талқин кардан вазифаи ҳар нависанда мебошад. Гузашта аз ин,  барои дар амал татбиқ кардани  чунин мақсади бошарафона бояд на фақат адибон, балки ҳама  аҳли илму ҳунар ва умуман ҳама  одамони солимфикр кӯшиш ба харҷ диҳанд. Яке аз вазифаҳои муҳимтарини адабиёт инсониятро   барои дар рӯйи Замин фароҳам овардани иқлими солими ахлоқиву маънавӣ, коштани   тухми хираду некӣводор намудан мебошад. Сухани А. С. Пушкинро ба хотир меорем, ки гуфтааст: “Ва бо лираи худ ман эҳсоси некӯ бедор кардам”.

2Дар баробари ин ман  мехоҳам ба мавзӯе рӯй орам, ки нависанда ва  публисисти асил   ‑‑   ватандӯст, инсонпарвар, интернатсионалист, ба гумон аст, аз он сарфи назар бикунад. Табиист, ки ҳар инсони мутамаддин бояд ҳатман забони модарии худ,  таърихи халқи худ, фарҳанг, анъана ва таомулҳои онро донад. Ва ин  шахсро ногузир ба худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ оварда мерасонад. Ин табиист, ин муқаррарист.  Ҳамзамон мо бояд  ифтихори миллиро аз ғурури миллӣ фарқ намоем. Ин ду ибора маъниҳои гуногун доранд. Ғурури миллӣ афзалияти худро бар дигарон ифода мекунад. Ин аслан  нодуруст аст. Чунки ҳама одамон, ҳама  халқҳо ва миллатҳо зери шамсу қамар баробаранд. Ифтихори миллӣ, баракс, одамро барои  эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ, дигар фарҳанг ва тамаддунҳо  вазифадор мекунад. Танҳо ҳамон вақт дар ҷаҳон эҳтироми мутақобила ва ҳусни тафоҳуми ҳамагонӣ ҳукмрон хоҳад шуд, танҳо ҳамон вақт  ҳама гуна  ксенофобия (бадбинӣ нисбат ба дигар мазҳаб ва миллатҳо), таҳаммулнопазирии дигарандешӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ хоҳад рафт ва башарият ба сулҳу созиш хоҳад расид. Танҳо ҳамон вақт барои гуфтугӯйи тамаддунҳо шароити мусоид фароҳам мегардад. Гуфтугӯйи тамаддунҳо бошад, чунон ки худатон мефаҳмед, роҳи дурусттарин барои бадастоварии  сулҳ ва дӯстӣ дар байни халқҳо,  ҷаҳонбиниҳо ва динҳост. Танҳо бо ҳамин роҳ сухани маъруфи  нависандаи англис Редярд Киплингрро, ки мегӯяд: “Ғарб Ғарб асту Шарқ Шарқ аст ва ҳеҷ гаҳ онҳо ба ҳам нахоҳанд пайваст”, инкор кардан мумкин мешавад. Ғарб ва Шарқ ду шаҳболи  авлоди башаранд ва инсонҳои мутамаддин, инсонҳои некирода идрок менамоянд, ки онҳо бояд бо ҳам бипайванданд. Вагарна ҳалокатеро, ки башарият ба он наздик омадааст,  пешгирӣ кардан имконнопазир аст.  Мавриди он аст, ки сухани ибратомӯзи  нависандаи барҷастаи қирғиз Чингиз Айтматовро ба ёд орем: “Барои зистан ҳамзистӣ мебояд”. Роҳи дигар вуҷуд надорад.

Дар охир мехоҳам,  байти шоирро андак тағйир дода, ба ҳамқаламаони худ муроҷиат намоям:

Барои ҳама бошад стилои  мо масъул,

Барои Ватан‑Модар ва ҳам баҳри армонҳо.

Дар забони юнонии бостон калимаи “стило”чӯбчаи нӯгтези хатнависиро ифода менамуд.

Ин сухани юнониҳои қадим бо пораи зерини шеъри устод Лоиқ басо тавъам афтодааст:

Қарздорем аз осмону замин,

Аз ҳама ҳар чи ҳаст дар дунё.

Аз ватан қарздори ҷонбозӣ,

Аз замон қарздори хидматҳо.

 

                                                  Мансур САЙФИДДИН,

                                                    сардабири ҳафтаномаи

                                                            “Адабиёт ва санъат”

Октябрь 6, 2017 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳбози Аброр раиси нави Ҳизби демократи Тоҷикистон интихоб гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» роҳҳои таҳкими волоияти қонун ва маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ гардиданд
Ҷаласаи Шурои сиёсии Ҳизби демократи Тоҷикистон баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
СУРАТГУЗОРИШ. Дар Душанбе доир ба мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ конфронси байналмилалӣ доир шуд
Профессорони Донишгоҳи нассоҷии Вуҳан барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Тоҷикистон даври омӯзишӣ мегузаронанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ПЕШГӮИИ ОБУҲАВОШИНОСОН. Моҳи май ҳаво гарм ва сербориш мешавад
НАМУНАИ ВАТАНДӮСТӢ. Дар ҳама ҳолат бояд манфиатҳои миллат ва Ватанамонро ҳимоят карда тавонем
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳрҳои Исфара ва Конибодом ба иштирокчиёни ҷанги солҳои 1941-1945 кумакпулии яквақта расонида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад