Зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдона мебошад –бардошт аз ҳамоиш дар Душанбе

Октябрь 10, 2017 17:03

ДУШАНБЕ, 10.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Душанбе Плаза» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Филиали ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии хушунату зӯроварӣ дар оила-асоси пойдории оилаҳои ҷавон дар ҷомеа» ҳамоиши муштарак баргузор гардид, ки дар он 70 нафар ҷавонони ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» аз ҷараёни ҳамоиш хабар дод, дар он ҳамчунин намояндагони вазорату идораҳо, мудирони бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ширкат намуданд.

Муовиини директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи Баҳоваддинов Муҳиба Маҳмадҷонова дар мавзӯи «Хушунати хонаводагӣ сабаби пошхӯрии оилаҳои ҷавон» иброз дошт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳо ба масъалаҳои муносибат, алалхусус муносибати хуб ё бад дар оила аҳамияти хеле зиёд дода мешавад. «Ин мавзӯъ яке аз масъалаҳои мубрамтарини омӯзиши ҷомеа дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Олимони Тоҷикистон, бахусус ҷомеашиносон дар солҳои истиқлолият доир ба ин мавзӯъ корҳои номзадӣ ва тадқиқот анҷом додаанд, ки вижагиҳои масъалаи оила ва иштироки ҷавононро дар оила ва оиладорӣ баррасӣ намудаанд. Дар ин кор махсусан саҳми ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ назаррас аст. Масъалаҳое, ки дар мавриди ҳуқуқи оиладорӣ дар байни қонуншиносони мо матраҳ мегарданд, мубрамияти масъала ва яке аз масъалаҳои муҳими ҷомеаи мо буданашро нишон медиҳанд».

Ба гуфтаи Муҳиба Маҳмадҷонова, ин масъала дар маркази ҳаракатҳои тадқиқоти занона қарор дорад, ки аз соли 1996 инҷониб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишу ҳаракати олимони ҷомеашинос, бахусус занҳои олимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, натиҷаҳои назаррас дорад. «Бояд гуфт, ки дар ин соҳа низ масъалагузорӣ дар байни ҷомеа ба таври васеъ ба роҳ монда шуда буд ва мо имрӯз метавонем бигӯем, ки чигунагии вазъияти оиларо дар кишвар мо метавонем ба таври илмӣ баррасӣ намоем. Мо имрӯз ҳамчун як дастоварди илми гендер дар Тоҷикистон метавонем гӯем, ки олимони тоҷик ва ҷомеашиносон тавонистанд бо таҳқиқоти вижаи худ дар ин соҳа таълимоти гендериро пурра намоянд ва ба таълимоти гендершиносӣ мафҳуми возеҳеро ворид намуданд, ки он гендершиносии ҷомеаҳои анъанавӣ ном дорад»,-зикр намуд ӯ.

Дар идома аз ҷониби иштирокчиён зикр карда шуд, ки зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии бадқасдона мебошад, ки аз ҷониби як узви оила нисбат ба узви дигари он содир шуда, боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, расонидани дарди ҷисмонӣ ва зарар ба саломатии ӯ мегардад. Моро мебояд нисбат ба он бетафовут набошем.

Шаҳлои САДРИДДИН

Октябрь 10, 2017 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШОНИ ҶАВОНМАРДӢ. Дар ҳошияи асари сиёсатшинос, сиёсатмадор, олим ва адиби нуктасанҷ Саймумин Ятимов
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба татбиқи технологияҳои рақамӣ дар низоми логистикӣ машварат доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ- варзишии «Ватанпарвар» доир гардид
«Одамон. Идеяҳо. Ҳаракат». Дар Душанбе нахустин форуми таҷрибаҳои идоракунӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд