Қамар Нурулҳақов: «Дар Тоҷикистон ҳеҷ қуввае қодир нест, ки байни мазҳабҳо ихтилоф андозад»

Ноябрь 16, 2017 12:21

ХОРУҒ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ мулоқоти донишҷӯёну устодони ин донишгоҳ бо корманди Маркази исломшиносии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои фалсафа Қамар Нурулҳақов баргузор шуд. Дар ҷамъомад оид ба масъалаи пешгирӣ кардани гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои ҳаросафкану тундгаро  мубодилаи афкор намуданд. Яке аз иллатҳои ба доми чунин гурӯҳҳо, аз ҷумла, Давлати ба ном исломӣ ё ДИИШ  афтодани иддае аз ҷавонони тоҷик- ин надоштани маълумоти комил дар бораи дини мубини ислом ва арзишҳои миллӣ мебошад,- изҳор дошт Қамар Нурулҳақов ва афзуд, ки аксарияти ин ҷавонони гумроҳ танҳо пас аз шиносоӣ бо чеҳраи аслии гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ аз кори худ сахт пушаймон мегарданд. Ҳоло вазъи кунунии «Давлати исломӣ» дар давлати Сурия бисёр хароб аст ва ҳаросафканон бо ҳар роҳу восита ба кишварҳои дигар фирор мекунанд. Ба ҳар кишваре, хоҳ дар шарқ бошаду хоҳ дар ғарб, агар  қадами номубораки аъзои ин гурӯҳ расад, дар он ҷо ҳатман ҳодисаи даҳшатбор рух медиҳад.

Аз ин рӯ ҳар як зиёӣ имрӯз муваззаф аст, ки аҳли ҷомеа, бахусус ҷавононро  аз ҳадафҳои нопоку ғаразноки ин гурӯҳи ҳаросафкан  огоҳ кунад. Ҳоло дар дунё ҳаросафканон даҳҳо ҳизбҳои сиёсӣ таъсис дода, ба василаи он барномаҳои даҳшатбори худро амалӣ месозанд. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи чунин ҳизбҳо аст, ки мехост дуюмбора Тоҷикистонро ба оташи ҷанг тела диҳад, аммо ҳукумати кишвар сари вақт огоҳ шуд ва нагузошт  ин ҳизб ниятҳои нопокашро амалӣ сохта, барои ДИИШ роҳро ҳамвор созад. Дар давоми чанд соли охир маҳз ҳамин ҳизб  барои давлати ба ном исломӣ аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳи тоҷик «кадрҳо» омода мекард.

Қамар Нурулҳақов гуфт, ки Ҳизби наҳзат барои нишон додани нуфузу эътибораш рӯйхати қалбакӣ тартиб дода, дар он номи даҳҳо нафар ҷавонони бадахшониро низ шомил кардааст. Баъди суҳбат аён гашт, ки ин ҷавонон аслан дар бораи ҳизби наҳзат маълумот надоранд. Дар ҳоле ки мақсади ниҳоии ҳизби наҳзат ихтилоф андохтан миёни  мазҳаби шиаву суннӣ дар Тоҷикистон буд. Аммо ин кор ғайриимкон аст, зеро равияҳои Ҳанафия ва исмоилия аз имтиҳони таърих гузаштаанд. Дар тӯли таърих борҳо давлати тоҷикон бо шикаст рӯ ба рӯ шуд, аммо ин ду равия китф ба китф истода, нагузоштанд Тоҷикистон аз харитаи ҷаҳон берун шавад. Имрӯз ҳеҷ қуввае қудрат надорад, ки дар байнашон низоъ афканад.

Дар поёни мулоқот корманди Маркази исломии Тоҷикистон Қамар Нурулҳақов ба суолҳои донишҷӯён посух гардонд ва бори дигар аз онҳо даъват намуд, ки ба мисли ниёгони худ ба ватану миллат содиқ бимонанд, арзишҳои беҳтарини миллӣ ва аз ҳама муҳим, сулҳу оромии кишварро қадр ва  ҳифз намоянд.

Чунин мулоқотҳои судманд бо намояндагони дин, омӯзгорон ва ҷавонони шаҳр низ доир гардиданд.

Ноябрь 16, 2017 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор оид ба кишти саривақтии ғалладонагиҳо машварат доир гардид
Дар ноҳияи Ёвон оид ба таъмини амнияту субот ҳамоиш баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Доир ба пешниҳоди каналҳои коммуникатсионии лоиҳаи «Намоиши коркарди ғайритермалии партовҳои ДДТ дар Осиёи Марказӣ» машварат баргузор гардид
ТААССУРОТИ ХОТИРМОНИ МИНИ-ФУТБОЛ. Дар Душанбе даври ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзал баргузор гардид
ОҒОЗИ МАВСИМИ НИҲОЛШИНОНӢ. Дар вилояти Хатлон 600 ҳазор бех дарахти ороишию сояафкан шинонида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Бахшида ба 31-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ҳамоиш доир гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025» натиҷагирӣ карда шуд
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба солгарди таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид
Дар Хадамоти алоқа ба муносибати Рӯзи ҳуқуқи инсон ҳамоиш доир шуд