Бо мақсади дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол-2017» эълон гардид

Ноябрь 23, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 23.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии донишҷӯёни кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷўи сол-2017»- ро эълон менамояд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  иттилоъ доданд, озмуни мазкур  миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат роҳандозӣ шуда, мақсади асосии он,  пеш аз ҳама, ҷалби донишҷӯён ба илмомӯзӣ, фарҳангдӯстӣ, хештаншиносӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, ғанӣ гардонидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва маърифатнокӣ, таҳким бахшидани тарбияи маънавию ахлоқии ҷавонон ва дарёфти донишҷӯи беҳтарин, лаёқатманд, соҳибмаърифат ва ташаббускор мебошад.

Пешниҳоди номзадҳо барои иштирок дар озмун аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат то 20 декабри соли равон қабул карда мешаванд.

Ноябрь 23, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд