Дар ноҳияи Б. Ғафуров бинои нави маъмурии Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мавриди истифода қарор гирифт

Ноябрь 17, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 17.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Дар доираи таҷлил аз 25-умин солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд  бинои нави маъмурии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» мавриди истифода қарор гирифт.  Дар маросими ифтитоҳи ин иншооти зебои дуошёна муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим, роҳбарияти Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар  шахсони расмӣ  иштирок намуданд.

Бинои мазкур бо тамоми шароити корӣ муҷаҳҳаз буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 1 миллиону 400 ҳазор сомонӣ қомат афрохта, дорои тарҳи зебову замонавӣ мебошад.  Корҳои сохтмонӣ дар ин бинои маъмурӣ моҳи июли соли равон шурӯъ шуда, он дар кутоҳтарин муддат бо сифати баланди меъморӣ аз ҷониби бинокорони соҳибтаҷрибаи Ҷамъияи саҳомии «КСМ-119»-и шаҳри Хуҷанд сохта шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  иншоот 30 нафар бинокорони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин буданд. Аксарияти кормандони соҳаро мутахассисони ҷавон ташкил медиҳанд.

Бино ба иттилои роҳбари корхона Олимбек Юлдошзода, ки  мутахассиси ҷавон аст, бинои нав дорои 13 утоқи кории барҳаво буда, дар он 81 нафар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд. Бинои маъмурӣ дар масоҳати се садяк замин қомат афрохта, дорои маҷлисгоҳ барои 60 ҷойи нишаст ва ошхона барои 50 нафар мебошад.  Кормандони ин корхона дар се раёсат ба сокинони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар асоси муроҷиат барои омода намудани парвандаҳои заминсозӣ, додани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, бақайдгирии хонаҳои истиқоматӣ, иншооти сохтмонаш нотамом, биноҳои ҷудогона, тартиб додани шиносномаи техникӣ ва инчунин додани шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ва иқтибос аз китоби бақайдгирӣ ҷиҳати  бастани актҳои гражданӣ ба шаҳрвандони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хизмат мерасонанд.

Директори Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» дар ноҳияи Б.Ғафуров Олимбек Юлдошзода мақсади асосӣ аз  таъсис додани  корхонаи мазкурро дар ташкили равзанаи ягонаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва  ҳуқуқҳои ба он вобаста дониста, зикр кард, ки  тавассути он шароити мусоид фароҳам овардан ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва ба тартиб даровардани андозбандӣ дар соҳа мебошад.

Дар расми ифтитоҳи ин иншоот таъкид шуд, ки  давоми соли 2016 ва 10 моҳи соли 2017 аз тарафи корхонаи мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 44 ҳазору 962 адад амволи ғайримақули шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудааст. Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои Зафаробод, Истаравшан, Спитамен, Панҷакент ва дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои маъмурӣ ба истифода дода шуда, айни замон дар шаҳри Хуҷанд сохтмони ин гуна иморат ҷараён дорад. Аз ҷониби кормандони корхона муроҷиати сокинон дар муҳлати муқарраргардида омӯхта шуда, ба онҳо  ҷавобҳои мушаххас дода мешавд.

Дар маросими ифтитоҳи бинои маъмурии Корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ба як зумра кормандон, ки дар фаъолияти ҳамарӯзашон пешравиҳои назаррас доранд, дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои арзишманди Асосгузори суҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тақдим карда шуд.

Ноябрь 17, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Конибодом ба хонандагон либосҳои мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Дар Душанбе дар мавзуи «Навсозии Чин» конференсия баргузор гардид
Истиқлоли давлатӣ омили калидии сиёсати муваффақи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аст
МегаФон Тоҷикистон бурди миллион сомонӣ ва туҳфаҳои дигари олиҷанобро доир менамояд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар Бохтар ба кӯдакони ятим ва ниёзманд либосҳои мактабию лавозимоти хониш тақдим гардид
Дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон бо ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот доир шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 1,9 миллион либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Гулистон давраи мутобиқшавии хонандагони синфи якум идома дорад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Ҳисор ба кӯдакону наврасони ятим либоси мактабӣ ва ашёи хониш тақдим гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад