Дар шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ баргузор гардид
ХОРУҒ, 24.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳпаймоӣ истиқбол гирифтанд. Субҳи 24 ноябр наздик ба ду ҳазор нафар сокинони шаҳр, бо шумули кормандони идораву муассисаҳо, собиқадорони меҳнат ва хонандагону донишҷӯён аз назди Муассисаи давлатии Мактаби президентӣ то майдони ба номи Исмоили Сомонӣ, ки масофаи он се километрро дар бар мегирад, бо парчамҳои хурду бузург, аксҳои Пешвои миллат ва Қаҳрамонони миллат роҳ паймуданд.
Дар пояи парчами давлатӣ ҳамоиши идона бургузор шуд. Нотиқон оид ба нақши парчами давлатӣ дар таҳкими давлатдории тоҷикон, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ифтихор аз арзишҳои миллати куҳанбунёд суханронӣ намуданд. Бо ширкати беҳтарин ҳунармандони вилоят консерти бошукӯҳ баргузор гардид.
Тантанаҳои идона пас аз нисфирӯзӣ дар толори калони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ идома ёфтанд.










Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






