ФУТБОЛ: дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар дастаи Малдив ғолиб омад

Ноябрь 7, 2017 12:30

ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи футболи   мунтахаби  то 19-солаи Тоҷикистон дар доираи бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2018  бар дастаи  мунтахаби  Малдив  бо ҳисоби калони  5:0 ғолиб омад.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор  баргузор гардид.              Баъд аз ин ғалаба дастаи мунтахаби то 19-солаи кишвари мо бо касби 7 имтиёз дар гурӯҳи «В»  баъд аз дастаи мунтахаби  Ӯзбекистон мавқеъ гирифт.

Бозии тақдирсози гурӯҳи мазкур рақобатҳои ду дастаи мунтахаби пешсаф-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон хоҳад буд, ки баргузории он   8  ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор дар назар аст.

Ноябрь 7, 2017 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд