Имрӯз ба таъсиси Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 сол пур шуд
ДУШАНБЕ, 01.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сангҳои қиматбаҳое, ки дар Ситораи аввали Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудаанд, маҳз дар Озмоишгоҳи таҷрибавии шуъбаи ташхис ва таҳлили сангҳои қиматбаҳо ва ороишии Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард шудаанд.
Ҳамзамон Хазинаи сарватҳои давлатӣ дар тӯли 23 соли фаъолият бахшида ба ҷашнҳои таърихӣ барориши нишонаҳои ҷашниро аз металлҳои қиматбаҳо ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, саҳми мутахассисон-заргарони он дар омода намудани Ангораи нишонаҳои ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, ҷашни 3000-солагии Ҳисори бостонӣ ва дигар ҷашнҳои таърихии кишвар аз тилло ва нуқра арзанда мебошад. Зикр кардан ба маврид аст, ки сохтани чунин нишонаҳо маҳорати баланди эҷодию касбӣ талаб менамояд.
Дар айни замон дар шуъбаи ташхис ва таҳлили Хазина озмоишгоҳҳои кимиёвӣ, истеҳсолотӣ, геммологӣ ва суфтагардонии таҷрибавии сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ фаъолият доранд, ки онҳо бо таҷҳизоти ташхисии ҳозиразамони техникӣ, аз ҷумла, асбоби спектрсанҷӣ-рентгении «Spectro midex», тарозуҳои электронӣ, даймонд-тестер «Presidium», дихроскоп «Gia», рефрактометр «Duplex», микроскопҳои «Gia», тарозуи обӣ барои санҷидани зичӣ ва дигар асбобҳо барои суфтагардонӣ ва буридани сангҳои қиматбаҳо муҷаҳҳаз гардидаанд.
Ёдовар мешавем, ки Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 ноябри соли 1994 бо мақсади ташаккули захираи тиллои Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, вазифаи асосии он аз иштирок дар раванди ташаккули Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои кишвар, таъмин намудани нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва таъмини амнияти металлҳои қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва маҳсулоти дорои онҳо иборат мебошад.
Фонди давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ҷузъи захираи тиллову асъор буда, барои таъмини эҳтиёҷоти истеҳсолӣ, молиявӣ, илмӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва дигар эҳтиёҷоти кишвар таъйин гардидааст.
Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ташкил, ки аз он муҳлати начандон тӯлонӣ сипарӣ шудааст, тавонист ба як корхонаи барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти стратегӣ табдил ёбад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






