Иттифоқи композиторон 12 асари эҷодиро ғолиби Озмуни «Навои Ваҳдат» донист
ДУШАНБЕ, 11.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар Иттифоқи композиторони Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни суруду оҳанги беҳтарин таҳти унвони «Навои Ваҳдат» ҷамъбаст гардид. Ба Кумитаи тадорукоти озмун 23 асари мусиқӣ пешниҳод гардид, ки тибқи талаботи озмун асарҳои мусиқӣ дар шакли адвор (нота) ва маводи аудиовизуалӣ пешниҳод гардиданд.
Мутобиқи хулосаи ҳайати ҳакамон, 12 асари аҳли эҷод (кантата барои хори бачагона ва фортепиано, кантата барои хори омехта ва оркестри симфонӣ, увертюра барои оркестри созҳои миллӣ, асарҳо барои яккахон, фортепиано, гурӯҳи ҳамсароён ва гурӯҳҳои эстрадӣ, маршҳо барои оркестрҳои созҳои миллӣ ва оркестри нафасӣ ва ғайра) ғолиб дониста шуданд.
Тавре аз Иттифоқи композитрони Тоҷикистон ба хабарнгори АМИТ «Ховар» хабар доданд, ба ғолибони озмун Диплом ва туҳфаҳои Кумитаи тадорукот супорида шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи тадорукот ва ҳайати ҳакамон ҳамаи асарҳои ба озмун пешниҳодгардида барои иҷрои оммавӣ дар барномаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат ва муассисаҳои эҷодӣ-касбӣ тавсия дода шуданд. Зимнан, асарҳои ба озмун пешниҳодгардида аз ҷониби Иттифоқи композиторони Тоҷикистон ва Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шакли маҷмӯаи асарҳои нотавӣ ба нашр расонида мешаванд.
Ёдрас мешавем, ки ҳадафи асосии озмун ташаккули раванди неруи эҷодӣ, тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аҳли эҷод ҷиҳати офаридани асарҳои мусиқии баландғояи замонавӣ, баланд бардоштани нақши аҳли эҷод дар тарбияи маънавӣ ва сиёсии ҷомеа, инчунин оммавигардонии жанрҳои гуногуни мусиқии касбӣ ва ташаккули ҷанбаи дунявии фарҳанги мусиқии муосири тоҷикон буд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






