Конститутсия чун санади муҳими ҳуқуқӣ барои татбиқи ҳадафҳои нек ва пешрафти давлати муосир асос гузошт

Ноябрь 3, 2017 12:14

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии 3501-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Конститутсия мулоқот баргузор шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар мулоқот устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон  Каёнуш Калонов, мутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Маҳмадалиев  доир ба таърихи қабули Конститутсия ва нақши он дар ҷомеаи демократӣ сухан намуданд. Зикр гардид, ки Конститутсияи Тоҷикистон ба марҳалаи нави таърихии гузариш аз ҷомеаи собиқ сотсиалистӣ ба давлати ҳуқуқбунёди иҷтимоӣ ва ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта, барои муайян намудани асосҳои сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, самтҳои ҷараёни инкишофи ҷомеа, бунёди давлатдории навин заминаи воқеӣ гузошт.

Дар заминаи он рушди бемайлони давлат, вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таъмин карда шуд.

Зикр шуд, ки Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташак­кули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқ­лолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт.

Роҳбарияти қисми низомӣ баргузор гардидани чунин мулоқотро амали саривақтӣ арзёбӣ намуда, зикр сохтанд, ки он барои баланд гардидани дониши сиёсии сарбозон мусоидат менамояд.

 

Ноябрь 3, 2017 12:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд