Мутахассисони тоҷик дар Боку дониши худро такмил медиҳанд

Ноябрь 24, 2017 16:24

ДУШАНБЕ, 24.11.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар оянда дар Боку мутахассисони бахши дипломатияи  тоҷик имкон доранд дар Академияи дипломатии Озарбойҷон таҳсил намуда, сатҳи дониши худро такмил диҳанд. Дар ин росто дар Боку Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Рустам Солӣ бо Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Ҳафиз Пашаев мулоқот  намуд.

Ба АМИТ «Ховар» аз  Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Озарбойҷон матраҳ гардиданд. Мусоҳибон масъалаҳои густариши ҳамкорӣ байни ду кишварро дар соҳаи таълим ва бозомӯзии мутахассисон, инчунин ҷудо намудани квотаҳо барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи дипломатии Озарбойҷонро  баррасӣ карданд. Ҳамзамон  дар мулоқот роҷеъ ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Ноябрь 24, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд