Намояндагони САҲА аз Парлумони Тоҷикистон боздид намуданд

Ноябрь 24, 2017 12:11

ДУШАНБЕ, 24.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Алҳол аз тарафи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти сулҳофаронаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия шуда, мавриди омӯзиш ва баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин нуктаро имрӯз раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагон Ҷӯрахон Маҷидзода дар мулоқот бо Йоким Мартелл, мутахассиси байналмилалии  Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкории  Аврупо дар Тоҷикистон зикр намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои тақвияти ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва САҲА дар Тоҷикистон матраҳ гардиданд. Ҷӯрахон Маҷидзода зикр кард, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешбурди сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ҳадафи ба даст овардани муносибатҳои дӯстонаи сулҳовари байналмилалӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайримуҷозотиро ба танзим медарорад ва назорати давлатии фаъолияти сулҳоварона аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомали Раҳмон амалӣ карда мешавад.

Таъкид шуд, ки дар қисми 1 моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ муайян мекунад». Муқаррароти моддаи Конститутсия эҳтироми соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро бо дигар давлатҳои дӯсту бародар, тасдиқи саъю кӯшишҳои Тоҷикистонро дар амалисозии сиёсати хориҷии худ бар асоси принсипҳои баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо дар назар дорад. Принсипи баробарии соҳибистиқлолии давлатҳо ва барпо намудани робитаҳои сулҳҷӯёна дар қисми 1 моддаи 2 Оинномаи СММ, Эъломияи принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Санади ниҳоии машварат оид ба бехатарӣ ва ҳамкорӣ дар Аврупо ба тасвиб расидааст.

Зикр гардид, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол дар пешбурди сиёсати хориҷии худ маҳз принсипҳои асосии ҳуқуқии байналхалқиро асоси фаъолияти хеш медонад, яъне Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дахолат кардан ба корҳои дохилии дигар давлатҳо, истифода бурдани қувва ва таҳдиди истифодаи қувва дар мавриди ҳалли масоили байналхалқӣ дар муносибатҳои берунаи хеш худдорӣ менамояд, ҳамкории байналхалқии худро дар асоси эътирофи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатҳо дар шаклҳои дутарафа ва бисёртарафа ба роҳ stop-adhd-meds.com.

Таъкид гардид, ки Тоҷикистон сиёсати сулҳоваронаи худро ба назар гирифта, 6 октябри соли 2007 Созишнома дар бораи фаъолияти сулҳоварии САҲА-ро ба имзо расонид.

Дар мулоқот зикр гардид, ки Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо САҲА, аз ҷумла, таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Ноябрь 24, 2017 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид