ОБУ ҲАВО: аз 13 то 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад
ДУШАНБЕ, 13.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон шаҳрвандон ва меҳмонони кишварро огоҳ менамояд, ки аз 13 то 15 ноябр дар қаламрави Тоҷикистон ҳавои номусоид пешбинӣ мегардад. Дар ин муддат тадриҷан то 8-10 дараҷа паст шудани ҳарорати ҳаво низ дар назар дошта шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, 13-14 ноябр дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамол аз самти шарқ ба 17-22 метр дар як сония мерасад. Дар баъзе аз минтақаҳои вилояти Хатлон тӯфони гардолуд ва чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои ғуборолуд пешбинӣ мешавад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносони кишвар, дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок ва дар баъзе минтақаҳо борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 7-12 ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешбинӣ мегардад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 1+6 ва рӯзона 16-21 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят шабона 7-12 дараҷа хунук ва рӯзона 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Обуҳавошиносон дар вилояти Суғд ҳавои абрнок ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ менамоянд. Вазиши шамол аз самти шарқ ба 3-8 метр дар як сония мерасад. Ҳаво дар водиҳо шабона 5-10 ва рӯзона 18-23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок ва борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона ба 5-10 ва рӯзона ба 13-18 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 7-9 ва рӯзона 17-19 дараҷа гарм мешавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






