Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Бадахшон барои ҷавононе, ки аз муҳоҷират баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор кард
ХОРУҒ, 1.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳамкорӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир дар осоишгоҳи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим барои ҷавононе, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба зодгоҳашон баргаштаанд, давраи омӯзишӣ баргузор кард. Ба гуфтаи директори иҷроияи Ташкилоти инноватсия ва технологияи муосир Артур Худоназаров, ин омӯзиш давоми як ҳафта идома меёбад ва дар он асосан ҷавононе, ки баъди бозгашт аз муҳоҷирати меҳнатӣ дар деҳоти дурдасти вилоят зиндагӣ доранд, иштирок мекунанд. Аксари онҳо дар корхонаву сохтмонҳои Федератсия Россия кор карда, касбҳои мухталифро аз худ кардаанд ва таҷрибаи кофӣ ҳам доранд. Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир баъди ин ҳамоиш ҳамкориро бо собиқ муҳоҷирони меҳнатӣ қатъ намекунад. Баъди бозгашт ба зодгоҳашон ҳар яке аз онҳо мутобиқ ба шароити маҳал лоиҳаҳои хурд таҳия ва ба ташкилоти мазкур пешниҳод мекунанд. Баъди омӯзишу таҳлили ҳаматарафа лоиҳаҳои беҳтарин интихоб ва дар давоми шаш моҳ аз ҷиҳати моливӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Ҳоло ба Ташкилоти ҷамъиятии инноватсия ва технологияи муосир чанд лоиҳа вобаста ба тиҷорати хурд, истифодаи энергияи барқароршаванда ва бо истифода аз захираҳои дастраси табиӣ гарм намудани хонаҳо пешниҳод шудаанд. Баъди баррасӣ ва хулосаи мутахассисон ин лоиҳаҳо дар амал татбиқ мешаванд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






