“СУЛҲ ОМАД! СУЛҲРО ОВАРД Ӯ!..”. Дастовези Шоири Халқии Тоҷикистон ба ҷашни фархунда

Ноябрь 16, 2017 11:40

ДУШАНБЕ, 16.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Сиёсати ватандӯстонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирӣ ва ғамхории пайвастаи ӯ аз зиёиёни кишвар, аҳли фарҳанг ва илму адаб ҳамеша роҳнамо ва ҳидоятгари  эҷодкорони кишвар аст. Аз ин рӯ, адибони тоҷик низ дар партави  ин ҳидоятҳо ҳамеша пешгоми созандагиву ободонӣ дар кишвар, пешгоми Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистони азиз будаанд ва  саҳми боризи худро дар тарғиби ғояҳои ватанпарварӣ, худшиносии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ, пайгирии ҳадафҳои бузурги миллӣ, бедории маънавии миллат ва ягонагии халқу давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон гузоштаанд.

Яке аз адибони воқеан ватандӯст ва ваҳдатсарои  тоҷик Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Камол Насрулло  мебошад, ки дурахши эҳсосоти баланди ватандӯстӣ ва таровиши муҳаббату садоқати Ватан дар шеърҳо ва мақолаҳои ӯ ҳамеша ҷилвагар аст. Шоире, ки шеъраш саршори ғояҳои баланди ватандӯстиву инсонигарӣ, ваҳдату якпорчагии миллат, ифтихор аз дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз аст.

Имрӯзҳо ҷашни фархундаи яке аз наҷибтарин рӯйдодҳои таърихии халқи мо  25-солагии Иҷлосияи XVI, иҷлосияи тақдирсоз, иҷлосияеро, ки дар тақдири миллати тоҷик гардиши бузург ба вуҷуд овард, шоири меҳанпараст бо дастовези сазовори худ пешвоз мегирад. Манзумаи нави ватандӯстонаи худ «Офтобе аз сиришти халқ»-ро шоир мехоҳад аз номи худ ва аз номи ҳайати АМИТ «Ховар», ки Камол Насрулло ходими адабии он аст, ба ин ҷашни хуҷаста тақдим намояд.

Ин манзума симои дурахшон ва мондагори Пешвои муаззами миллатро  бо ҳама шукӯҳу шаҳомат чун тулӯи офтоби бахти ин миллати соҳибтамаддун ва куҳанбунёд бо ҳаяҷону изтиробҳои самимонаву меҳанпарастона ба қалам овардааст. Онро ба хонандагони арҷманди сомонаи АМИТ «Ховар» пешниҳод намуда, умедворем, ки ангезае аз меҳри Ватан ва муҳаббати Пешво дар дилҳояшон барангехта хоҳад шуд:

        1

       Савганд

Нури  Ҳақ дар дидаҳо буд,

Амри Эзад раҳнамо буд,

Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб

Бахти тоҷик рӯи дастони Худо буд.

 

Дар Хуҷанди бостон, дар қасри Арбоб

Қомате мардона боло шуд,

Чун муҳаббат аз сиришти халқ эҳдо шуд!

Аз дилу аз ҷони мардум хест!

Покрӯву тоза  аз виҷдони мардум хест!

Аз таассуб, аз фиреб, аз макр, аз ғафлат раҳо шуд.

 

Аз сиришти халқ, аз дарду алам бархост,

Дар лабаш пайки адолат бо қасам бархост.

 

Нурафшону дурахшон

Қоматаш омад бурун

аз зулмати сад асри зиллат,

Аз сари ҷабру ситамҳо,

Аз тани кину аламҳо,

Аз хусумат, аз ҷаҳолат,

Аз сари сад гуна иллат…

 

Ин ҳазоронсола армон буд,

Бонги нанг, овои имон буд!

Дар раги ҳар вожаву ҳар ҳарф

Хуни гарми миллату меҳан намоён буд!

Вожа дил буд, вожа ҷон буд, вожа виҷдон буд!..

 

Ҳарф-ҳарфи ин қасам он рӯз

Дар радифи партави номи  Худованд,

Дар радифи покии шири сафеди модари ҷон,

Дар радифи хайрафшони дуои пирамардон,

Дар радифи ҳасрату  уммеди ин халқи ба армон

Партавафшон буд!

 

Исми Ҳақ бар он ҷилои осмонӣ дод,

Шири модар бо  сафедияш амонӣ дод,

Шуд муқаддас ин қасам аз файзи обу хоки меҳан,

Болу пар додаш дуои халқ дар афлоки меҳан!

 

Ин қасам чун сеҳр, чун дасти раҳо омад,

Бовари мо, ишқи мо, армони мо омад,

Ҷони мо бар ҷони мо омад,

З-осмонҳо ин нидо омад:

Пешво омад!

 

Офтобе дар ҷабин аз ҷой хест,

Покрӯву нозанин аз ҷой хест!

 

То ки моро бозгардонад ба асли хештан,

То ки баргардонад аз нав асли моро бар Ватан:

Рӯдакиро, Бӯалиро, Мавлавиро… боз орад,

Бар Ватан базми нишот, оҳанги чангу соз орад ,

То ки эҳёи навин бахшад ба Наврӯзи аҷам,

То дирафши ковиёниро баланд афрошта,

Боз биншонад ба тахти салтанат лафзи дариро,

Тоҷикистонро кунад боғи биҳишт,

То ки аз баъди ҳазору чанд сол

Миллати моро бурун орад

зи ҳабси сарнавишт.

 

Боз гардонад ба тоҷик тоҷи шаъну шони ӯро,

Ҷони ӯ, имони ӯ, эҳсони ӯро!..

 

Дар лабаш савганди Меҳан хест!

Бар дифои меҳанаш фарзанди Меҳан хест!

Ҳамраҳи ӯ миллати тоҷик ҳама

якҷону яктан хест!

 

Дар фурӯғи амри виҷдон

 

Дар канори хоки ҳикматхези аҷдодон,

Дар тулӯъи озарини субҳи неки Тоҷикистон,

Аз сиришти ҳиммату эҳсон,

Дар кафи нангу ҷасорат,

Дар фурӯғи амри виҷдон

 

Бо ҳазор эҳсоси ҷон бархост,

Офтобе дар  ниҳон бархост,

Аз  тани пурдарди ин миллат,

Аз сари нанги замон бархост,

Пайки нусрат дар забон бархост:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Аз тани захмини мардум хест!

Аз сари сангини мардум хест!

Наъраи тамкини мардум хест!

Аз сари вайронаҳои халқ,

Чун ғиреви хастагон бархост:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Аз канори нанг боло шуд,

Оҳи сад оҳанг боло шуд,

Бар алайҳи кинаву найранг боло шуд,

Бо фурӯғи ҳикмату фарҳанг боло шуд:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Хест аз умқи вуҷуд,

аз ғуссаву дарду ғами миллат,

Бӯса зад бар парчами миллат,

Бар ҷабину чашму рӯ молид онро,

Дар  сари дасташ фурӯзон кард ҷонро,

То фурӯзон кард андар торами миллат

Ин умеди нурафшонро:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Ин садо аз умқи ҷон омад,

Чун паём аз осмон омад,

То зи ҳар кӯҳи Ватан мисли танин бархост,

Чун танин аз осмону аз замин бархост.

Чун наҷоти одамон омад:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Он даме, к-ӯ аз сари ҷон хест,

Ҳиммати  миллат дурахшон хест.

Ҳамраҳи ӯ  рӯҳи Шерак буд,

Рӯҳи Деваштич хандон хест!

Ҳамраҳаш рӯҳи Муҷаннаъ буд,

Мисли шӯри Сарбадорон хест:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

 

Муттакоро аз ниҳоди халқ ёфт,

Сидқи худро аз садоди халқ ёфт,

Дошта аз домани имону фарҳанги Ватан

Гашт боло бо ҳама қад бар сари санги Ватан

Чеҳраашро арғувонӣ кард

Ин  муҳаббат, ин садоқат , ин шараф, нанги Ватан!

 

Он даме, к-ӯ бо сад армон хест!

Аз паси ӯ Суғду Хатлон хест!

Ҳам Ҳисору Рашт боло шуд!

Ҳам Зарафшону Бадахшон хест!

Дар сари он вартаи марговари тақдир

Нангу имон хест!

Бо қади болои ӯ, ҳамҷони ӯ, ҳампои ӯ

Тоҷикистон хест!

 

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Дар самои поки кишвар

Барқҳо зад ин нидову шӯълаафшон шуд,

 

Неку бад дар партаваш бар мо намоён шуд,

Миллате аз як гиребон сар бурун овард,

Тоҷикистон тоҷи инсон шуд!

Тоҷикистон Тоҷикистон шуд!

 

Дар шуои ин нидо аз синаи сӯзон

Чеҳраи пирӯзии мардум ҳувайдо гашт,

Фазлу пайғоми хирад пайваста боло гашт,

Халқи бофарҳанги тоҷик бо ҳама аъмоли некаш

Аз тани захмин, сари сангин,

Аз  замини сӯхта, аз охирин уммеди мардум

Боз эҳё, боз эҳё, боз эҳё гашт!

 

Сулҳ омад! Сулҳро овард ӯ!

Тоза карда синаҳоро аз ғубори дард ӯ,

Халқро берун кашид аз синаи пурдард ӯ!

 

Ҷони рафта аз тани меҳан  ба тан баргашт,

Охирин навмеди Меҳан

Бар Ватан баргашт!

Шуд ҳама вайронаҳо обод,

Файзу пайғоми шукуфоӣ

бар чаман баргашт!

 

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

Ин садо мурғи Самандар гашту аз оташ бурун омад,

Ин садо Симурғ шуд бар қуллаи Боми Ҷаҳон биншаст,

Ин садо мисли Ҳумо ҷавлон бизад  дар торами миллат,

То ба дӯши Пешвои мо,

ба дӯши Қасри Миллат парфишон биншаст!

 

Ин садо акнун сафои тоза ёфт

Дар нигоҳи мардуми хушбахти тоҷик,

Дар фурӯғи пештоқи Қасри Миллат,

Парфишонӣ мекунад бо Парчами миллӣ

Дар равоқи Қасри Миллат!

 

Ин садо монанди ҷавшан, чун сипар дар ҷони мо шуд,

Бо Нишони далатӣ имрӯз то Хуршед боло шуд,

Халқи некӯсирати моро ба роҳи ростин

То ба д-он ҷовид Меҳан раҳнамо шуд,

раҳкушо шуд:

—Бар шумо ман сулҳ мехоҳам!

 

Инак, акнун пайки сулҳи анҷуманро,

Покии оби зулоли  ин Ватанро,

Мебарад бо худ ба ҳар сӯи ҷаҳон

Парчами моро парафшон карда дар рӯи ҷаҳон!

 

Мерасад акнун нидояш аз канори қуллаҳои Меҳани мо,

Бар тамоми халқи дунё:

—Бар шумо ман сулҳ меорам!

06.10.2017.

 

 

Ноябрь 16, 2017 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Ба толори алоқа барои вохӯрӣ бо ситораҳои футбол!
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон барои омодагӣ ба Конфронси пиряхҳо дар мулоқоти Гурӯҳи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ бо Дабири кулли СММ баррасӣ шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Таҷлили 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус
Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад
Бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон ҷамъомади идона доир шуд
Нақш ва ҷойгоҳи Конуститутсия дар эъмори давлатдории миллӣ
Дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар Москва Форуми «Мактаби байналмилалии сафирони фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи технологияи пурқувват ва пешрафта иштирок намуд