ТАЪМИНОТИ БАРҚ: ДАСТОВАРД ВА ИМКОНИЯТҲО. Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Мирзо Исмоилзода муроҷиатномаи ин ниҳодро ба шаҳрвандони мамлакат шарҳ медиҳад

Ноябрь 7, 2017 12:17

ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тавре иттилоъ доред, 24 октябри соли равон АМИТ «Ховар» дар сомонаи худ  Муроҷиатномаи Ширкати саҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро чоп карда буд. Дар он хабар дода мешуд, ки ширкат ният дорад имсол бо истифода аз имконоти пайдошуда дар истифодаи барқ маҳдудият ҷорӣ накунад ва мардуми кишварро дар давраи тирамоҳу зимистони дар пешистода пурра бо барқ таъмин намояд.

Раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Мирзо ИСМОИЛЗОДА   муроҷиатномаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад:

Ман мехоҳам ин шарҳу тавзеҳро  бо овардани суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз намоям, ки гуфтаанд: «Бо дарназардошти он, ки ягон кишвар тараққиёти худро бе рушди энергетика таъмин карда наметавонад, мо расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқро ҳамчун яке аз ҳадафҳои стратегии давлат муайян кардаем».

 Дастоварди муҳими имсола — дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бемаҳдудият ба мардум додани барқ як қадами қатъӣ  ба сӯи истиқлолияти энергетикии кишвар буда, натиҷаи амалӣ шудани сиёсати бобарори энергетикии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Ман ҳамчун мутахассиси соҳаи энергетика хуб медонам, ки ин кор ба осонӣ муяссар нагардидааст. Солҳои охир дар баробари рушду нумӯи соҳаи энергетика дар кишвари мо дигар соҳаҳои хоҷагии халқ низ рушд меёфт, аҳолӣ рӯ ба афзоиш меовард, сатҳи зиндагӣ боло мерафт, ки ин ҳама талабот ба барқро сол то сол зиёд менамуд.

Масалан, шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав барпо гаштанд, дар шаҳру деҳоти кишвар миллионҳо метри мураббаъ манзилҳо ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама  истеҳсоли неруи барқи иловагиро талаб менамояд.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 низ зикр шуда буд: «Дар ин раванд фаромӯш набояд кард, ки баробари афзоиш ёфтани истеҳсоли неруи барқ шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ зиёд шуда, талабот ба неруи барқ торафт меафзояд».

Новобаста ба ин ҳама, мутобиқи дастури   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Ширкати саҳомии холдингии кушодаи “Барқи Тоҷик” тасмим гирифт, ки имсол дар таъминоти барқ маҳдудият ҷорӣ насозад. Барои ин ҳар як муштарии неруи барқ,  пеш аз ҳама, бояд аз Сарвари давлат миннатдор бошад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба  маънои томи ин сухан, ҳар рӯз аз вазъи низоми энергетикии кишвар пурсон мешаванд ва дастуру супориш медиҳанд. Маҳз талошҳои Сарвари давлат ва натиҷаи обрӯву нуфузи сиёсии он кас буд, ки дар қаламрави кишвар, новобаста аз душвориҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ  неругоҳҳои “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” бунёд ёфтанд. Худи Сарвари давлат чор маротиба ба неругоҳи “Сангтӯда-1”  ва се маротиба ба неругоҳи “Сангтӯда-2”  сафари корӣ доштанд, дар ифтитоҳи агрегатҳо иштирок намуда, бо сохтмончиён суҳбатҳо намуда, рӯҳи онҳоро болида менамуданд.

Дигар тадбири муҳиме, ки баҳри беҳбудии таъминот бо барқ андешида шуд, албатта, бунёди Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе мебошад.

Воқеан ҳам Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» лоиҳаи энергетикие ба шумор меравад, ки самараи ташаббус ва обрӯву нуфузи сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишонаи ба рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ додани Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Маросими бастани пеши дарёи Вахш дар маҳалли бунёди НБО-и “Сангтӯда-1”, 15 декабри соли 2006.

Соли 2012 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин созишнома доир ба бунёди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ ба имзо расид. Дар назар дошта шуда буд, ки ин маркази барқу гармӣ бо ангишт, ки захираи он дар кишвари мо фаровон аст, кор хоҳад кард. Барои дар ин Марказ истеҳсол намудани неруи барқу гармӣ аз конҳои ангишти дохили ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.

Муддати ду сол зиёда аз 1600 нафар мутахассисону сохтмончиёни Тоҷикистону Чин шабонарӯз заҳмат кашиданд. Дар баробари ин, ба хотири таъмин намудани фаъолияти муназзами марказ 60 нафар мутахассисони тоҷик барои таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ бо техникаву технологияи чунин корхонаҳо ба Ҷумҳурии Мардумии Чин фиристода шуда, таҷрибаи кофии пешбурд ва идоракунии иншоотро омӯхтанд. Дар раванди корҳои сохтмонӣ, инчунин боз 100 нафар мутахассисони ватании соҳибтахассус аз ҳамкасбони чинии худ таҷриба омӯхтанд.

8 декабри соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе  пурра ба истифода дода шуд. Ин Марказ бо иқтидори 400 МВТ неруи барқ ва  235,46 Гкал гармӣ имкониятҳои моро бобати беҳбудӣ бахшидани таъмини барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон хеле афзун намуд. Агар  дар фасли гармо дар пойтахт дар як шабонарӯз то панҷ — панҷуним миллион киловатт – соат неруи барқ истифода шавад, дар фасли зимистон ин нишондиҳанда то ба 14 – 15 миллион киловатт — соат мерасид. Маркази барқу гармидиҳии 2-и шаҳри Душанбе, ки ҳам барқ истеҳсол менамояд ва ҳам хонаҳоро гарм месозад, ин борро хеле сабук месозад. Аз рӯи ҳисоби мутахассисон, аз ҳисоби истифодаи танҳо гармии Марказ имкони сарфаи қариб 200 мегаватт иқтидори иловагии неруи барқ пайдо мегардад, ки ин таъминоти умумии аҳолии кишварро бо неруи барқ боз ҳам беҳтар менамояд.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази танзими барқу гармии МБГ 2-и шаҳри Душанбе

 Имсол  Маркзи барқу гармии 1-и шаҳри Душанбе низ пуриқтидор гардонда шуд. Ин марказ яке аз иншооти муҳими энергетики  кишвар ба шумор рафта, навбати аввалаш соли 1958 ва навбати дуюмаш соли 1963 ба истифода дода шуданд. Он дар мавсим то 20 МВт неруи барқ ва то 50 Г.кал гармӣ истеҳсол менамуд. Бо ҷалби мутахассисони варзидаи Ширкати «Казремэнерго»-и Қазоқистон имсол таъмири асосии ду деги буғи ин марказ анҷом дода шуда, ният дорем истеҳсоли неруи барқро ба 50 МВт ва гармиро ба 90 Г.кал расонем.

Дигар тадбири муҳиме, ки боиси беҳтар шудани таъминот бо барқ шуд, дар чанд соли охир дар асоси нақшаву тадбирҳои стратегӣ таҷдиду навсозии неругоҳҳои Норак, Қайроққум, Сарбанд ва Варзоб буд, ки ин  амал идома дорад.

Барои мисол, танҳо барои корҳои таҷдиду барқарорсозии неругоҳи Норак аз соли 2006 то соли 2016  зиёда аз 627 миллион сомонӣ  хароҷот шудааст.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази танзими барқи НБО-и Норак

Дигар омили беҳ гаштани таъминот бо барқ, албатта, риояи фарҳанги сарфакорӣ дар истифодаи ин боигарии миллии мост. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз  15  апрели соли 2009 оид ба ин масъала ба мардуми кишвар дастури хеле муҳим ва асоснок дода шуда буд. Бар замми  ин, аз 24 апрели соли 2009  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» ба имзо расид. Ин ҳама имконият доданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таҷрибаи давлатҳои пешқадами олам амал намуда, аввалин шуда, дар қаламрави Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба истифодаи лампаҳо ва дигар таҷҳизоти  каммасрафи барқӣ  гузарад.

Баробари бунёди иқтидорҳо, сохтмони инфрасохтори энергетикӣ низ ба таъминоти беҳтари барқ ба мардум мусоидат менамояд ва боиси рушди соҳа мегардад. Дар солҳои истиқлолият хатҳои интиқоли барқи 04/500 кВ ба масофаи 12584,126 километр ва зеристгоҳҳои барқии 35 кВ ва аз он боло ба миқдори 58 адад бо тавоноии 4701,31 МВА зиёд гардиданд. Алалхусус, бунёди хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» низоми энергетикии моро муттаҳид ва ягона сохт. Агар ин хатти интиқоли барқ сари вақт бунёд намеёфт, барои бо барқ таъмин намудани вилояти Суғд мо бо  душвории калон рӯ ба рӯ мешудем. Талаботи ин вилояти мутараққии Тоҷикистон дар як сол тақрибан 4,5-5 миллиард киловатт.соат неруи барқ аст. Ягона неругоҳи барқи обии вилоят — Неругоҳи барқи обии Қайроққум танҳо 15-20 фоизи ин талаботро мепӯшонад. Боқимонда неруи барқи барои ин вилоят зарурӣ  асосан тавассути Хатти интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол» интиқол дода мешавад.

Минбаъд ҳам мо вазифадорем, ки бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо рушди соҳаи энергетикаро таъмин кунем. Зеро фақат бо ҳамин роҳ талаботи аҳолиро ба неруи барқ пурра қонеъ гардонда, раванди болоравии иқтисодиётро аз ҳисоби неруи барқи нисбатан арзон ва аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда метавонем. Бо истифода аз имкониятҳои азими гидроэнергетикие, ки кишвари мо дорад, тараққӣ додани соҳаи гидроэнергетика барои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим ва зарур аст. Алҳол дар натиҷаи татбиқи 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар самти рушди соҳаи энергетика шиддати норасоии неруи барқ хеле коҳиш ёфт. Ин ниҳояти кор нест. Яке аз ҳадафҳои стратегии давлат- эълон намудани расидан ба истиқлолияти энергетикӣ маънои онро дорад, ки дар кишвари мо ба рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ дода мешавад. Энергетикаи тоҷик кумак ва дастгирии Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври рӯзафзун эҳсос менамояд, ки ин ба пешрафти муназами соҳа мусоидат менамояд. Касе шубҳа надорад, ки сиёсати созанда ва бобарори энергетикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  моро ба мустақилияти энергетикӣ мерасонад ва ҷумҳурии мо  дар солҳои наздиктарин ҳам хоҷагии халқи худро пурра таъмин намуда, ҳам ба як кишвари содиркунандаи барқ табдил хоҳад ёфт.

Айни замон, дар овоне, ки ба муштариён бемаҳдудият барқ дода мешавад ва вобаста ба рӯз  то рӯз сард шудани ҳаво талабот ба барқ бамаротиб меафзояд, мо аз сокинони кишвар ва роҳбарони тамоми ташкилоту муассисаҳо хоҳиш менамоем, ки аз неруи барқ сарфакорона истифода баранд ва ҳаққи барқи истифодашударо сари вақт пардохт намоянд. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки ташвишу ногувориҳои зиндагиву рӯзгори  ҳамватанонамон аз ҳисоби норасоии барқ камтар гардида, барои рушди муназзами иқтисодиёти кишвар шароити бештар пайдо мешавад.

 

Оғози бунёди Лоиҳаи  “CASA-1000» бо иштироки роҳбарияти чор давлати ҳамсоя

Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти пурраи ҳаққи барқи истифодашуда нишонаи маданият ва масъулияти баланди шаҳрвандии ҳар сокини кишвар буда, ба кори муназзами тамоми таҷҳизоту дастгоҳҳои низоми энергетикӣ, яъне ба таъмини  фаъолияти боэътимоди онҳо кафолат медиҳад. Ҳар сокини кишвар бояд  ба низоми ягонаи энергетикии кишвар чун ба боигарии миллии ватани азизи худ муносибат намояд.

Аз суханронии муштариёни неруи барқ тавассути телевизиону радио ва мактубу барқияҳое, ки ба мо мерасанд ва пур аз  сипосу миннатдориянд, аллакай аён аст, ки шаҳрвандони кишвар муроҷиатномаи моро дуруст фаҳмидаанд ва қабул доранд. Мо бовар дорем, ки ҳар сокини кишвари азиз дар давраи душвору пурмасъулияти тирамоҳу зимистон бо сарфакорона истифода бурдани барқ ва сари вақт пардохт намудани ҳаққи он ба мо ҳамкориву кумак менамоянд. Аз тарафи дигар, Ширкати “Барқи тоҷик” ҳама вақт хоҳони ободии рӯзгор ва саршори нуру ҳарорат будани хонадони шаҳрвандони мамлакат мебошад.

 

 М. ИСМОИЛЗОДА,

раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»

Ноябрь 7, 2017 12:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар аввалин конференсияи ҷаҳонӣ оид ба хотима додани зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон дар Богота иштирок намуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ниҳодҳои масъул барқиянома ирсол намуд, то ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода шаванд
Тоҷикистон ва Британияи Кабир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар Суғд Рӯзи кормандони милитсияро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок дорад
Дар шаҳри Будваи Черногория масъалаи коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Дар ноҳияи Ёвон Маркази саломатӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия таҷлил гардид
Ба ифтихори 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон дар Хадамоти гумрук маҷлиси тантанавӣ баргузор шуд
Дар «Тоҷикаэронавигатсия» бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
30-солагии қабули Конститутсияро дар Суғд бо ҷамъомади тантанавӣ таҷлил намуданд
Конститутсия барои занону духтарон ҳуқуқ ба таҳсил ва корро фароҳам овардааст