Вазорати тандурустӣ: фавти умумӣ дар ҷумҳурӣ 2,7 маротиба кам шуда, дарозумрии миёна ба 76 сол расидааст
ДУШАНБЕ, 28.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар 5 соли охир фавти модарон 1,8 маротиба ва фавти кӯдакон 2,7 маротиба коҳиш ёфтааст. Ин матлабро сардори раёсати ташкили хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Раҳматуллоев зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе баён дошт.
Бояд гуфт, ки дар доираи ҳамоиш бахшида ба Шарҳи якҷояи соли ҳафтуми татбиқи «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» дар Маҷмааи давлатии «Душанбе Плаза» нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи рӯзноманигорон сурат гирифт. Дар нишасти матбуотӣ дастовардҳои умумӣ ва вазъи татбиқи соли ҳафтуми амалишавии «Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020» мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Зикр шуд, ки имрӯз бемории сил дар ҷумҳурӣ коҳиш ёфта, нисбат ба сад ҳазор аҳолӣ фавт 50 фоиз кам шудааст. Бемориҳои сироятӣ бо роҳи ваксинаҳои идорашаванда табобат ёфта, бемориҳои ғайрисироятӣ дар ҷумҳурӣ тамоюли пастравӣ доранд. Инчунин оид ба бемориҳои фишорбаландӣ ва бемории қалб гуфта шуд, ки на танҳо дар ҷумҳурии мо, балки дар тамоми ҷаҳон бемории дил ҷавон шуда истодааст. Дар робита ба ин дар ҷумҳурӣ Барномаи миллии пешгирӣ, ташхис ва муолиҷаи бемории ишемиявии дил дар давраи солҳои 2007-2015 қабул гардида буд.
Айни ҳол нақшаи стратегии мубориза бо бемориҳои ғайрисироятӣ, аз ҷумла, бемориҳои дилу рагҳои хунгард қабул шудааст ва дар ин самт дар масъалаҳои таҳияи стандартҳои табобатӣ корҳо идома доранд. Барои сари вақт ошкор намудани ин бемориҳо дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ бо дастгирии шарикон оид ба рушд усулҳои навӣ табобату ташхис роҳандозӣ гардида истодаанд.
Зимни нишаст ҳамчунин зикр шуд, ки фавти умумӣ дар ҷумҳурӣ 2,7 маротиба кам шуда, дарозумрии миёна ба 76 сол расидааст.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






