Ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ноҳияи Данғара бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъмин гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар заминаи иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо техника ва мошинолоти кишоварзӣ таъмин намудани аҳолии деҳот ва бо дарназардошти эҳтиёҷоти ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ноҳияи Данғара имрӯз, 28 декабр аз ҷониби Муассисаи давлатии Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» 24 адад тракторҳои тамғаи МТЗ, 6 ядак ва 3 комбайни ғалладарав дастрас гардид.
Дар ин бора намояндаи лоиҳаи мазкур Муҳриддин Музаффаров ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Дар ҳақиқат норасоии техникаи кишоварзӣ барои сари вақт анҷом додани корҳои саҳроӣ мушкилиҳои зиёд ба вуҷуд меорад. Маркази идораи лоиҳа чунин эҳтиёҷотро ба инобат гирифта, дар заминаи марҳилаи дуюми татбиқи лоиҳа дастрасии аҳолиро бо техника таъмин намуд. Мутобиқи нақшаи татбиқи лоиҳа дар назар аст, ки ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳ дар ин ноҳия боз бо 9 трактор ва 5 ядак (присепи трактор) таъмин карда шаванд.
Бояд зикр намуд, ки аз ҷониби Маркази идораи Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар марҳилаи дуюми татбиқи ин лоиҳа дар ноҳияҳои Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва деҳоти шаҳри Кӯлоб низ дар маҷмӯъ 90 трактор ва 50 ядак, 3 борбардори фронталӣ, 4 комбайни ғалладарав ва 2 экскаватор дастрас карда шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






