Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба кӯдакони ниёзманди шаҳри Душанбе кӯмак намуд

Декабрь 30, 2017 09:46

ДУШАНБЕ, 30.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи Соли нави мелодии 2018 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) иқдоми хайриявиро ҷиҳати дастгирии кӯдакони ниёзманд дар 3 мактаб-интернати шаҳри Душанбе амалӣ намуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти ҶҲАТ хабар доданд.

Кӯмаки Ҷамъият аз ҷумла ба муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбини пойтахт, хонаи кӯдакони №1-и ноҳияи Шоҳмансур ва хонаи кӯдакони синни томактабии №1-ноҳияи Фирдавсӣ расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки кӯмакҳои мазкур тибқи дархости роҳбарияти хона-интернатҳои зикршуда роҳандозӣ гардида, аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар тавассути ихтиёриёни он ба ин ниёзмандон дастрас ва тақсим карда шуданд.

Кӯмакҳои пешниҳодшуда аз маводи хӯрокворӣ, аз қабили орд, гӯшти гов, шакар, биринҷ, равған ва лавозимоти гигиенӣ иборат мебошанд.

Дар маҷмӯъ, кӯмакҳои пешниҳодшуда барои 275 нафар кӯдакони ниёзманд, бепарастор ва маъюб пешбинӣ шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҶҲАТ дар давоми соли ҷорӣ якчанд кӯмакҳоро ба ниёзмандони кишвар интиқол додааст. Махсусан, дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз, 20 марти соли 2017, ба 500 нафар оилаҳои ниёзманди 4 ноҳияи шаҳри Душанбе маводи хӯрокворӣ расонида, моҳи апрели соли 2017 бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Давлати Кувайт ба зиёда аз 900 оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи ВМКБ –шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рушон, Шуғнон, Мурғоб, Дарвоз ва Ванҷ кӯмак намуд.

Ҳамзамон, ҶҲАТ бо дастгирии Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар шаҳри Душанбе дар соли 2017 ба 1 500 нафар ниёзмандони шаҳри Душанбе ва 31 хона – интернатҳои шаҳру ноҳияҳои дигари мамлакат чунин кӯмакҳои хайриявӣ расонидааст.

Декабрь 30, 2017 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад