Ҷавонони деҳаҳои ҳамсарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» ширкат карданд
ХУҶАНД, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола дар тамоми ҷаҳон аз 25 ноябр то 10 декабр маъракаи «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» доир мегардад, ки ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба мушкилоти умдаи иҷтимоӣ, бахусус зӯроварии оилавӣ ва бадрафторӣ нисбат ба занону духтарон мебошад.
Вобаста ба ин маъракаи муҳим дар доираи лоиҳаи «Таквияти ҳамкории ҷавонон дар ноҳияҳои наздисарҳадии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистон», ки аз ҷониби Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон роҳандозӣ мегардад, миёни ҷавонони деҳаҳои ҳамсарҳади ин ду кишвар маҳфили муфид доир гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мутахассиси Ассотсиатсияи зиёиёни илмӣ-техникии Тоҷикистон дар Суғд Зебо Қурбонова иттилоъ дод, дар доираи лоиҳаи зерин байни ҷавонони деҳаҳои наздисарҳадии «Сомониён»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Куктош»-и Ҷумҳурии Қирғизистон маҳфили маърифатӣ-иттилоотӣ оид ба «16 рӯзи мубориза алайҳи хушунат» таҳти шиори «Дар канор намон ва бо мо ҳамкорӣ бикун» баргузор гардид.
Барнома бо роҳнамоии намояндаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Дилшода Шарипова доир гардида, зимни он видеоролик оид ба ҷой доштани ҳолати хушунат намоиш дода шуд. Ҳамчунин аз ҷониби коршинос оид ба масоили гендерӣ Ирода Бобоҷонова ва сартренер аз Ҷумҳурии Қирғизистон Жайлообек Жакшиликов оид ба вазъи ҳуқуқи занон дар ҷаҳон ва таърихи таҷлили ин сана, ки ҳамасола 25 ноябр оғоз шуда, онро ҳамчунин “рӯзи норинҷӣ” низ меноманд, маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Гуфта шуд, ки тибқи маълумоти Ташкилоти байналхалқии тандурустӣ, дар олам ҳар сеюм зан ба хушунат гирифтор буда, ин мушкилот ё ҳолатҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Тоҷикистону Қирғизистон низ дида мешаванд. Аз ин лиҳоз, аз ҷониби давлатҳои минтақаи мазкур, аз ҷумла, Тоҷикистону Қирғизистон низ баҳри ҳимояи ҳуқуқи занон ва ҳимояи онҳо аз хушунат санадҳои зарурӣ қабул гардидаанд.
Худи интихоби ранги норинҷӣ чун рамзи маърака маънои умед ва равшаниро дошта, маъракаи 16 рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди хушунат нисбат ба занон 10 декабр дар Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи ҳуқуқи инсон ҷамъбаст мегардад.
Баъди анҷоми маъракаи иттилоотӣ иштирокдорони он ба шаҳри Хуҷанд сафар намуда, ҳамчун нишони эътироз ба хушунат ва зӯроварӣ ва рамзи меҳру муҳаббат нисбат ба бонувону ҷавонони кишварҳои ҳамсоя тавассути алоқаи почтавии идораи шуъбаи алоқаи вилояти Суғд бо шиори «Дунёро норинҷӣ мекунем» ба дӯстону наздиконашон мактуби эҳтиром фиристоданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дастовардҳои варзишгарони ноҳияи Ёвон дар соли 2025 муаррифӣ карда шуданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон соли 2025 бо ҷалби 30 ҳазор аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ҳамоиш гузаронид
Доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ ҳамоиш баргузор шуд
Бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 1500 мегаватт Тоҷикистонро ба давлати тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил медиҳад
Big Data дар смартфони Шумо: чӣ тавр операторон пешниҳодҳои махсус омода менамоянд?
Соли 2025 кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда гузоштанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






