Ҷавонони саодатманди кишвар минбаъд ҳам дар бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор мегузоранд-ҳамовозии ҷавонон ба Паёми Пешвои миллат
ДУШАНБЕ, 22.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун паёмҳои қаблӣ ба бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла, ба соҳаи маориф ва таълиму тадрис аҳамияти хосса доданд.
Дар робита ба ин аспиранти Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Ҷовид Фаёзов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор кард, ки «тавре Президенти кишвар изҳор намуданд, дар панҷ соли охир маблағгузории соҳаи маориф аз буҷети давлатӣ 2,3 баробар зиёд шуда, соли 2017 нисбат ба соли 2016 мутаносибан 16 фоиз афзоиш ёфтааст.
Аз ҷумла, Пешвои миллат дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф сухан карда, иброз намуданд, ки мувофиқи назарсанҷие, ки созмонҳои ҷаҳонӣ доир ба кишварҳои рӯ ба инкишоф анҷом додаанд, соли 2017 Тоҷикистон аз рӯи 4 нишондиҳанда- дастрасӣ ба таҳсилот, сифати таҳсилот, сармояи инсонӣ ва қобилияти рақобати он дар миёни 101 давлати ҷаҳон мақоми 54-умро соҳиб гардидааст. Ҳамчунин аз рӯи ин таҳлил Тоҷикистон дар фазои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд».
Ин ҷавони соҳибмаърифат бо изҳори хушҳолӣ аз дастовардҳои назарраси соҳа зикр кард, ки ин ҳама дастовардҳо аз баракати сулҳу ваҳдат ва таваҷҷуҳу ғамхории бевоситаи Роҳбари давлат ба соҳаи маорифанд.
«Тавре Президенти кишвар изҳор намуданд, набояд бо ин нишондиҳанда қонеъ шуда, таваҷҷуҳро ба ин соҳаи ҳаётан муҳим кам намоем. Баръакс, моро зарур аст, ки зиёдтар заҳмат кашем, сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳо беҳтар кунем ва аз тамоми имкониятхо истифода намоем, то дар соҳаи маориф ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гардем»,-гуфт Ҷовид Фаёзов.
Аспирант Ҷовид Фаёзов аз 1 сентябри соли 2018 баланд бардоштани 15 % маоши кормандони соҳаи маориф, стипендияи донишҷӯёни тамоми муассисаҳои таълимии кишварро далели дастгирии навбатии кормандони соҳаи маориф аз ҷониби Пешвои миллат арзёбӣ намуда, зикр кард, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо корманони соҳаи маорифро зарур аст, ки барои баландтар бардоштани сифати таълиму тарбия диққати ҷиддӣ диҳанд.
Иштирокчии ҷавони дигар Абдурабӣ Рабизода аз даъваташ барои иштирок дар Паём изҳори хушҳолӣ карда, гуфт, ки дар ҳақиқат соли 2017 барои ҷавонон соли пурифтихор буд. Пешвои миллат аз иштироки фаъолонаи ҷавонони бонангу номус ва боирода ҳамчун неруи созанда дар маъракаҳои муҳими давлативу ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
«Тавре Пешвои миллат ба ҷавонони кишвар муроҷиат карданд, ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд»,-зикр кард номбурда.
Абдурабӣ Рабизода бо боварӣ изҳор кард, ки ҳамаи ҷавонон ин гуфтаҳои Пешвои миллатро сармашқи кор карда, дар корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ ҳиссаи сазовор гузошта, баҳри рушди минбаъдаи ин сарзамини аҷдодӣ хизмат менамоянд.








ТАЪСИРИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ БА РУҲИЯИ КӮДАКОН. Ва ё «оҳанро дар гармияш бояд кӯфт»
Соли 2025 шаҳрвандон ва соҳибкорон беш аз 6 миллион амалиёти ғайринақдиро анҷом доданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Чӣ тавр аз лӯбиё таом ва ё хӯриш омода намоем?
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
ФУТБОЛ. Дастаҳои асосӣ ва ҷавонони «Вахш» бо медалҳои нуқра ва биринҷӣ мукофотонида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






