Ҷавонони тоҷик дар Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Япония мубодилаи таҷриба намуданд
ДУШАНБЕ 27.12.2017 /АМИТ «Ховар» /. Аз 9 то 22 декабри соли равон гурӯҳи 12-нафараи ҷавонони тоҷик аз Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба факултети илм ва муҳандисии Донишгоҳи Васедаи шаҳри Токиои Япония сафар карданд.
Тавре аспиранти Академияи илмҳои Точикистон, ташкилкунандаи гурӯҳи мазкур Меҳрдод Қурбониён дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард: «Сафари баргузоргардида бо пешниҳоди банда ва бо ташаббуси профессори шуъбаи системаҳои электронӣ ва физикии факултаи илм ва муҳандисии Донишгоҳи Васеда Томоюки Ямамото ва ходими пешбари илмии Институти муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаии шаҳри Дубна Холмирзо Холмуродов ба роҳ монда шуд»
Тавре маълум аст, сиёсати пешгирифтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба дастгирии ҷавонон сол аз сол густариш ёфта, махсусан ба ҷавононе, ки рӯ ба ҷодаи илм ниҳодаанд, тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шуда, барои таҷрибаомӯзию донишомӯзии онҳо бо мамлакатҳои дӯст созишномаҳо ба имзо расидаанд.
«Гурӯҳи мо ба воситаи моделсозии квантӣ дар чаҳорчӯбаи назарияи функсионалии зичӣ ба омўхтани системаҳои физикие, ки дар қисмҳои нурафкани асбобҳои электронии муосир истифода мешаванд, машғуланд. Инчунин зимни сафари мо миёни Академияи илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Васеда шартномаи ҳамкорӣ баста шуд, ки дар оянда барои боз ҳам бештар рушд намудани сатҳи ҳамкорӣ мусоидат менамояд»,-гуфт Меҳрдод Қурбониён.
Номбурда зикр кард, ки дар оянда низ ин гуна сафарҳоро роҳандозӣ менамоянд ва бо ин роҳ барои пешбурди фанҳои дакиқ дар мамлакат саҳм мегузоранд, зеро Пешвои миллат ҳамеша ва дар ҳама самт ҷавононро дастгирӣ ва ҳидоят менамоянд.
Маврид ба зикр аст, ки барномаи мубодилавии Сакура дар илм яке аз барномаҳои боэътимод ва машҳур барои мубодилаи мутахассисони соҳавӣ аз ҳисоби маблағи ҷоизадорони Ҷоизаи нобелии Япония дар соҳаи илмҳои дақиқ таъсис дода шудааст ва танҳо намояндагони соҳаи илми кишварҳои Осиё ба ин лоиҳа дастрасӣ доранд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






