Аз қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» як сол сипарӣ гардид

Декабрь 22, 2017 08:33

Ман итминони комил дорам, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз имкониятҳои Даҳсола васеъ истифода хоҳад кард ва дар ин давра шиддати мушкилоти марбут ба об ба таври назаррас коҳиш хоҳад ёфт.

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 22.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Як сол қабл, 22 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллит, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» муждаи аз ҷониби Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро расониданд.

Хушхабаре, ки бо як ифтихори хосcа аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик расонида шуд, дар бораи қабул гардидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 буд (Қатънома 21 декабри соли 2016 дар Маҷмаи Умумии СММ бо иттифоқи оро қабул гардид).

Дар бораи  ин ва дигар пешниҳодҳои сатҳи баланди Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ онро пазируфта, ба таври бояду шояд амалӣ намуд, муовини сардори Раёсати тадқиқоти масъалаҳои соҳавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед ДАВЛАТОВ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии минтақа ва ҷаҳон вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Хизматҳои фарзанди барӯманди халқи тоҷик, яке аз симоҳои барҷастаи сиёсати ҷаҳони муосир- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт хеле бузург арзёбӣ гардида истодаанд. Зеро ташаббус ва пешниҳодҳои созандаи ин марди фарзонаи миллати тоҷик барои ҷалби таваҷҷуҳи аҳли башар барои ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба об, вазъи экологӣ, тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои марбут ба он борҳо дар нишастҳои сарони давлатҳо дар дохил ва хориҷи кишвар мавриди қадрдонӣ қарор гирифтаанд.

Пас аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ то имрӯз чор маротиба ташаббусҳои созандаи марбут ба оби Пешвои миллат мавриди дастгирии умум қарор гирифтанд. Дастгирӣ ёфтани ин ташаббусҳо барои баланд гардидани нуфузи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари  амну субот ва сайёҳӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба ҷумҳурӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ, баланд бардоштани сатҳи иҷтимоиии аҳолии кишвар дар самти дастрасӣ ва таъмин бо оби  тозаи ошомиданӣ нақши муассир мегузорад. Эълон намудани соли 2003–«Соли оби тоза», солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», соли 2013 – «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» ва ахиран аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудани пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки  соли 2005 дар миқёси ҷаҳон зиёда аз 1,2 млрд. нафар аҳолии сайёра ба оби тозаи ошомиданӣ ва беш аз 2,6 млрд. нафар ба меъёрҳои одии беҳдоштӣ дастрасӣ надоштанд. Дар соли 2015, яъне дар натиҷаи амалӣ гардонидани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ин нишондиҳанда мутаносибан ба 663 млн ва 2,4 млрд расонида шуд. Яъне аз 51% аҳолии дар соли 1990 ба беҳдошт дастрасӣ надошта ин нишондиҳанда дар соли 2015 ба 25% расонида шуда, дар ин муддат тақрибан 2,1 млрд. аҳолии сайёра ба беҳдошт дастрасӣ пайдо намуданд.

Икдомҳои сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон барои расидан ба нишондиҳандаҳои мусбат дар самти ҳалли мушкилоти об зинаҳое  мебошанд, ки марҳила ба марҳила барои тағйир додани вазъият мусоидат менамоянд. Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 низ аз ҳамин сарчашмаҳо манша мегирад ва давоми мантиқии Даҳсолаи байналмилалии сипаригашта буда, барои тақвият додани дастовардҳои он равона шудааст.

Ҳадафи аслии қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 муҳайё сохтани механизм ва платформаи иловагӣ барои мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор дар самти об мебошад. Қатънома талаб менамояд, ки кишварҳои узви СММ, созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми ҷонибҳои манфиатдор ба рушди устувори захираҳои об таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, тавассути мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об баҳри густариши ҳамкорию иштирок дар ҳама сатҳҳо, ҷалб ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои соҳаи об талош варзанд.

Бо дарназардошти ин, дар сатҳи ҷаҳонӣ қабул гардидани қатъномаи мазкур, як платформаи муҳим ва арзишмандро барои ҳалли масъалаҳои марбут ба об муҳайё месозад, ки дар татбиқи амалии мақсаду вазифаҳои марбут ба оби Ҳадафҳои Рушди Устувор мусоидат хоҳад кард.  Илова бар ин, қатъномаи мазкур захираҳои молиявӣ, кумакҳои техникии гуногунро муттаҳид гардонида, истифодаи самараноки захираҳои молиявии мавҷударо барои татбиқи ҳадафҳои марбут ба захираҳои оби рушди устувор тавсия менамояд ва барои ҷалби бештари маблағҳои сармоягузорӣ аз сарчашмаҳои гуногун шароит фароҳам меоварад.

Дар марҳилаи имрӯза қариб тамоми минтақаҳои дунё аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд, ҳатто давлатҳои пешрафтаи  Аврупо. Вале вазъият дар қораи Африқо, бахусус дар қисмати ҷануби Сахара нигаронкунанда мебошад. Тағйирёбии иқлим, хушксолӣ,  афзоиши босуръати аҳолӣ ва коҳиши захираҳои обӣ ин минтақаро яке аз минтақаҳои осебпазиртарин дар дунё намудааст. Дар ин ҷо тақрибан 340 млн нафар ба обӣ ошомидании босифат дастрасӣ надоранд.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳавзаҳои рӯдҳои фаромарзӣ 45 дарсади қисмати хушкии дунёро фаро гирифта, дар ҳудуди онҳо зиёда аз 40 дарсади аҳолии ҷаҳон зиндагӣ мекунанд. Дар ин ҳавзаҳо 145 кишвари дунё ҷойгир буда, бе ҳамкории зичу ҳамаҷониба ҳалли масъалаҳои вобаста ба об ва дар ин замина, таъмини сатҳу сифати муносиби зиндагӣ барои аҳолии онҳо мушкил мегардад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мавҷуд будани захираҳои бойи обӣ, то ҳол мушкилоти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ҷой доранд. Барои ҳалли ин Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд  барномаҳои беҳтар намудани  таъмини  аҳолии мамлакатро бо оби тозаи ошомиданӣ таҳия ва дар амал татбиқ менамояд, ки он қадами устуворест дар самти таъмини аҳолии  мамлакат бо оби тозаи ошомиданӣ.

Шукӯҳи ДАЛЕР,

АМИТ «Ховар»

Декабрь 22, 2017 08:33

Хабарҳои дигари ин бахш

7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст
Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст