Азим Иброҳим: «Барномаҳои тандурустӣ бояд ба рушди хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат намоянд»
ДУШАНБЕ, 7.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим чанд рӯз пеш ҷаласаи навбатии Шўрои миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа ҷараёни иҷрои «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар ноҳияҳои таҷрибавӣ ва раванди татбиқи «Барномаи давлатии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини Сарвазири мамлакат таъкид намуд, ки масъалаҳои нигоҳдории тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор мераванд ва амалишавии ин барномаҳо дар беҳтар гардидани дастрасии табақаҳои осебпазири аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Зимни муҳокимарониҳо махсус зикр гардид, ки ба муҳити оилавӣ баргардонидани кўдакони имконияташон маҳдуд, ки дар муассисаҳои будубоши доимӣ ба хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, падидаи хуб аст ва ба он бояд идома дод.
Ҳамзамон масъалаҳои муоширату муносибати кормандони иҷтимоии шуъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаҳру ноҳияҳо беҳбудиро тақозо дорад, зеро пиронсолону маъюбон ва дигар шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ҳамеша ба муносибати некбинона ва ҳайрхоҳона, ки асоси хизматрасонии иҷтимоӣ маҳсуб меёбанд, ниёз доранд. Ҳангоми баҳодиҳӣ ба фаъолияти ин муассисаҳо муоширату муносибат бояд ҳамчун меъёр ба инобат гирифта шаванд.
Муовини Сарвазир ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Муассисаи давлатии «Заводи протезию ортопедии шаҳри Душанбе» супориш дод, ки бо насби дастгоҳҳои муосир истеҳсоли сифатноки маҳсулотро барои таъмини талаботи маъюбон бо воситаҳои техникии тавонбахшӣ, махсусан, пойафзоли протезӣ мутобиқи андозаи зарурӣ ба роҳ монанд.
Ба Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш дода шуд, ки ба амалишавии сифатноки барномаҳои мазкур, ки ба беҳтар гардидани хизматрасониҳои иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир намояд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






