БОНКИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН: то охири декабр носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда мешаванд

Декабрь 20, 2017 11:54

ДУШАНБЕ, 20.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2017  ҷиҳати пурзӯр намудани унсурҳои ҳимоявии пулҳои коғазӣ ва сифатан беҳтар намудани муомилоти пулии кишвар, пулҳои коғазии арзишашон 10, 20, 50 ва 100 сомонии намунаи соли 2017 бо дарназардошти унсурҳои иловагии ҳимоявӣ ба муомилот бароварда шуданд.

Тавре аз Бонки мили Тоҷикистон хабар доданд, айни замон пулҳои коғазии мазкур дар ҳудуди кишвар ҳангоми ҳисоббаробаркуниҳо бе ягон маҳдудият мавриди истифода қарор доранд.

Инчунин пулҳои коғазии намунаи соли 2017 дар аксарияти терминалҳои худкори худхизматрасони ташкилотҳои қарзӣ ва ширкатҳои тиҷоратие, ки бо қабули маблағҳо машғуланд, қабул гардида истодаанд.

Аммо дар баробари ин, дар якчанд ташкилотҳои қарзӣ то ҳол ҳангоми   қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 тавассути терминалҳои худкор мушкилот ба назар мерасанд.

Бино ба иттилои манбаъ, таъминоти барномавии навкардашудаи ширкате, ки ҳиссаи зиёди пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор дар кишвар ба ин истеҳсолкунанда мансуб мебошад, дар терминалҳои худкори ташкилотҳои қарзӣ насб карда шудааст. Аммо бо сабаби мавҷуд будани носозиҳои техникӣ дар фаъолияти таъминоти барномавӣ,  он ба истеҳсолкунанда барои такмил баргардонида шуд ва то бартараф кардани носозӣ, муваққатан таъминоти барномавии пешина ба кор андохта шуд.

Тибқи маълумоти ташкилотҳои қарзӣ, то охири моҳи декабри соли 2017 носозиҳо дар таъминоти барномавии пулқабулкунакҳои терминалҳои худкор бартараф карда шуда, қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 пурра таъмин карда мешаванд.

Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар маҷмӯъ 1 518 адад терминалҳои худкори худхизматрасон барои ҷамъоварии пардохтҳо насб карда шудаанд, ки беш аз аз 60 фоизи онҳо қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро бе ягон мушкилӣ таъмин намуда истодаанд.

Масъалаи зикргардида аз ҷониби сохтори дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддӣ қарор дорад.

Дар мавриди пайдо шудани мушкилот ҳангоми қабули пулҳои коғазии намунаи соли 2017 муштариён метавонанд ба Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами 44 6001520 тамос гиранд, ё ба суроғаи электронии allomushtari@nbt.tj муроҷиат намоянд.

Декабрь 20, 2017 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад