Дар Хатлон ҷаласаи Шӯрои рушди маориф доир гардид
ҚӮРҒОНТЕППА, 01.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ҷаласаи навбатии Шӯрои рушди маорифи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаи ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» дар шаҳру навоҳии вилоят муҳокима гардид. Ҳамзамон аъзои Шӯро ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020» дар фаъолияти коллеҷҳои тиббӣ ва гурӯҳҳои мақсадноки тиббии онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳолати тайёр кардани мутахассисону кадрҳои коргарии ба бозори меҳнат рақобатпазирро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилоят баррасӣ намуданд.
Зимни ҷаласа муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода иброз дошт, ки дар самтҳои номбаршудаи фаъолият корҳо бояд аз рӯи нақша иҷро карда шаванд. «Танҳо дар ҳолати сари вақт иҷро кардани нақшаҳои корӣ мо метавонем сифати таълимро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардонем»,-баён дошт Махфират Хидирзода.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






