Дар Лахш барои зарардидагони офати табиӣ 6 адад хонаҳои нави истиқоматӣ ба истифода дода шуданд

Декабрь 2, 2017 10:38

ЛАХШ, 02.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар деҳаи навбунёди Шилбилии ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш барои зарардидагони офати табиӣ 6 адад  хонаҳои нави истиқоматӣ ба истифода дода шуданд. Дар ин бора раиси ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш Аъзам Ғафуров ба хабарнигори АМИТ „Ховар“ иттилоъ дод.
Моҳи майи соли равон  аз   сабаби номусоидии обу ҳаво   ва бошиддат боридани борон дар деҳаи Шилбилии ҷамоати деҳоти Сурхоби ноҳияи Лахш сел фаромада буд.  Аз таъсири  офати табиии баамаломада 6 оила пурра хонаҳояшонро аз даст дода, хонаҳои баъзе оилаҳои дигар қисман зарар диданд. Бартарафсозии зарари ҳодисаи мазкур аз рўзҳои аввал  зери таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон қарор гирифта, ба зарардидагон масолеҳи сохтмонӣ ва хўрокию либосворӣ дастрас карда шуданд.

Дар ин давра дар деҳаи навбунёди Шилбилӣ ба 22 нафар зарардидагони офати табиӣ замини наздиҳавлигӣ ҷудо  намуданд. Аз  ҷониби роҳбарияти ноҳия ва сокинону соҳибкорон  сохтмони хонаҳо   бо сифати баланд ба анҷом расиданд.

Имрӯзҳо  зарардидагони ин офати табиӣ дар маҳаллаи навбунёди мавзеи Дашти Шилбилӣ  дар хонаҳои нави истиқоматӣ  ба  зиндагӣ  оғоз намудаанд.

Ҳамчунин  барои аҳолии ин деҳа бо маблағгузории созмонҳои хориҷӣ аз масофаи 4750 метр хатти оби нӯшокӣ  кашиданд, ки мушкилоти асосии сокинони маҳаллаи навбунёд бартараф гардид.

Декабрь 2, 2017 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд