Дар Москва аввалин асари таълимӣ таҳти унвони «Сиёсати хориҷии кишварҳои ИДМ» ба нашр расид
ДУШАНБЕ, 6.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Федератсияи Россия китоби таълимии «Сиёсати хориҷии кишварҳои ИДМ» нашр гардид. Асари мазкур дар чопхонаи «Аспект-Пресс»-и Москва ба табъ расидааст.
Он асари дастаҷамъонаест, ки тайи се сол ҳамроҳ бо гурӯҳи муаллифон доктори илмҳои таърих, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Сайидзода онро таълиф намудааст.
Ба китоб раиси кумитаи иҷроия- котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев сарсухан навишта, ин маводи таълимӣ ба омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ дар ҳудуди кишварҳои ИДМ бахшида шудааст.
Ҳайати муаллифони байналмилалӣ, ки тамоми кишварҳои узви ИДМ-ро намояндагӣ мекунанд, таҳти роҳбарии бевоситаи кафедраи назария ва таърихи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия тамоми равандҳои сиёсати хориҷии давоми 25 соли охирро ба қалам додааст.
Ба ғайр аз нашри кунунӣ ҳамчунин чопи электронии ин мавод мавҷуд аст. Дар охири ҳар як бахш саволҳои санҷишӣ ва номгӯи адабиёт дода шудааст.
Ин маводи таълимӣ барои донишҷӯёну аспирантони риштаҳои «Муносибатҳои байналмилалӣ», «Сиёсатшиносӣ», «Минтақашиносии хориҷӣ» дар кишварҳои ИДМ хеле муфид хоҳад буд.
Маросими рӯнамоии тантанавии ин асари дастаҷамъӣ 15 декабри соли 2017 дар Донишгоҳи «Дӯстии халқҳо»-и Россия дар доираи конфронси «Сиёсати хориҷии Россия дар ҳудуди кишварҳои ИДМ» бо иштироки муаллифон сурат мегирад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






