Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Паёми Пешвои миллатро мавриди омӯзиш қарор доданд
ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо мақсади натиҷагирӣ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеъ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати мазкур хабар доданд, дар ҷаласа Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хадамотҳои назорати давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, роҳбарони муассисаҳои ҷумҳуриявии пешгириву шифоӣ, сардорони раёсатҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва роҳбарони муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок доштанд.
Дар кори ҷаласа Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ натиҷагирӣ карда шуда, ҳамзамон зимни он камбудиҳои ҷиддиву эродҳои баённамудаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паём дар самти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар он масъалаи таъмини дорувории хушсифат ва роҳу усулҳои истеҳсоли ҳарчи зиёди доруворӣ дар ҷумҳурӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Дар ҳамоиш инчунин масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, тайёр намудан ва имтиёзи корӣ додан ба кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ, ки ин нукта низ дар Паёми Пешвои миллат дарҷ гардида буд, натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷаласа сардорони идораҳои зертобеи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри гузаронидани чорабиниҳо дар ҳама муассисаҳои тандурустии кишвар вобаста ба ташвиқу тарғиби Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кор дар самти таҳияи нақшаҳои чорабиниҳо супориши қатъӣ гирифтанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






