Файзалӣ Ҳасанов: «Ҳунари санъаткороне, ки нархи худро 5-6 ҳазор доллар таъйин кардаанд, ба 500 сомонӣ намеарзад»
ДУШАНБЕ, 04.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2018-2022 қабул намуд. Тавре қаблан хабар дода будем, вобаста ба иҷрои Барномаи мазкур Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 28 ноябри соли равон доир гардид, ба масъулини соҳа ҷиҳати тарбияи кадрҳои баландихтисос ва боистеъдод дар дохил ва хориҷи кишвар ва бо ин роҳ таъмин кардани муассисаҳои соҳаи фарҳанги ҷумҳурӣ супоришҳои мушаххас доданд.
Имрӯз сатҳи касбии бисёр сарояндаҳои ҷавоне, ки дар воситаҳои ахбори омма онҳоро «ситора» ном мебаранд, ба талаботи жанрҳои мусиқию овозхонӣ ҷавоб намедиҳанд. Худашон осемасар шеър менависанд, оҳанг месозанд ва бар ивази «эҷодиёт»-и беҳунаронаашон, ки аз назари ягон шӯрои бадеӣ нагузаштааст, дар маъракаҳо аз мардум маблағи зиёд талаб менамоянд. Онҳо на танҳо талаботҳои жанрҳои ҳирфавӣ, балки баъзан меъёрҳои қонунгузории ҷории мамлакат дар бораи танзими расму оинҳоро риоя намекунанд.
Қобили зикр аст, ки амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» давоми 10 сол бори дигар собит намуд, ки сатҳи иҷтимоиёти мардум бо сарфаю сариштакорӣ боло рафтааст. Тағйиру иловаҳое, ки чанде пеш ба ин қонуни миллӣ ворид гардиданд, ба манфиати аҳолӣ нигаронида шуда, дар асоси талабу дархости сершумори мардум ва таҷрибаи мусбати андӯхтаи кишварҳои ҳамҷавор амалӣ карда шудаанд.
Дар Қонуни нави танзим меъёрҳои нави қонунгузорӣ илова шудаанд, ки барои гузаронидани маъракаҳои шодиву хурсандӣ ва дафну азодорӣ сабукиҳоро пешбинӣ намудаанд.
Охири моҳи сентябри имсол раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар маҷлиси вакилони вилоят гуфт, ки аз мардум шикоят омадааст, ки нархи кирояи овозхонон, фатаи арӯс ва иҷораи тӯйхонаҳо хеле гарон аст». Баъд аз як дастури раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ тамоми раисони шаҳраку ҷамоатҳо дастур гирифтаанд, ки гурӯҳҳои хидматрасонӣ ба мардум таъсис диҳанд. Ин гурӯҳҳо иборат аз овозхонҳо, наворбардорон ва ровиёни тӯй ҳастанд, ки дар ҷашну маъракаҳои мардум бо нархҳои нисбатан арзон хидмат мекунанд.
Қодирӣ баъд аз ин ба мақомоти ноҳияҳо дастур дод, ки дар назди ҳар ҷамоат дастаи овозхонҳо, ошпазу наворбардор ва иҷораи либоси арӯсиро ба роҳ монанд, то бо нархҳои дастрас ва аз рӯи инсоф ба мардум хидмат расонанд.
«Ҳунари он санъаткороне, ки нархи худро 5-6 ҳазор доллар таъйин кардаанд, ба 500 сомонӣ намеарзад». Ин нуктаро овозхони шинохтаи тоҷик Файзалӣ Ҳасанов дар як матлаб, ки хабаргузории “Озодӣ” нашр кард, иброз доштааст. Файзалӣ Ҳасанов мегӯяд, ки дар тӯли беш аз 20 соли таҷрибаи овозхониаш боре ҳам қабл аз маърака аз соҳиби тӯй пули муайяне талаб накардааст. «Вақте маро ба тӯй даъват мекунанд ва соҳиби тӯй мепурсад, ки нархи хидматат чанд аст, мегӯям, чанде ки ҳунари маро қадр кунед».
Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудзода зимни ҳамоише, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба 10-умин солгарди қабули Қонуни танзим доир намуда буд, гуфт, ки даҳ сол пеш сатҳи камбизоатӣ дар кишвар 70 дарсад буд ва ҳоло ин рақам то 30 дарсад коҳиш ёфтааст. Ба таъкиди М. Маҳмудзода, яке аз сабабҳои пойинравии сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон иҷрои муқаррароти қонуни танзим мебошад.
Мавриди зикр аст, ки он хурофоте, ки бо мурури замон ба анъанаҳои мардумии бархе аз минтақаҳои мо дохил шуда, боиси серхарҷии аҳолӣ шуда буд, манъ карда шуда, тағйироти иловашуда танҳо ба манфиати буҷаи оилавии ҳар як сокини кишвар равона гардидааст.